Бохти ғайриинтизори «Истиқлол» аз «Равшан»-и Кӯлоб

Date:

Дар даври 15-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат дастаи «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи 25 сентябр ғайриинтизор бар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дастболо шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара доир гардида, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаҳои кӯлобиҳо анҷом ёфт. Тӯби дюмро ба дарвозаи «Истиқлол» футболбозони «Равшан» дар дақиқаи 2-юми вақти иловагии бозӣ ворид карданд.

Ҳамин тариқ, ба силсилаи вохӯриҳои бидуни бохти қариб 3-солаи «Истиқлол» дар бозиҳои мусобиқаи Лигаи олии кишвар хотима бахшида шуд. Бори охир «Истиқлол» санаи 3 ноябри соли 2013 дар Ваҳдат з дастаи «Хайр» бо ҳисоби 0 бар 2 шикаст хӯрда буд. Ин дастаҳо санаи 1 октябр низ дар бозии аввали даври нимниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон бо ҳам рақобат мекунанд, ки вохӯрии аввал дар Душанбе доир мегардад.

Дар вохӯрии дигари ин давр «Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ бо ҳисоби 3 бар 0 бар тими «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастболо шуд.

То анҷоми мусобиқаи имсолаи Лигаи олии футболи мамлакат ҳамагӣ 4 давр боқӣ монд. Сарфи назар аз бохт, Истиқлол бо 33 имтиёз дар садри аввали ҷадвал қарор дошта, «Ҳосилот»-и Фархор соҳиби 28 имтиёз, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода – соҳиби 23 имтиёз ва дастаҳои КМВА «Помир» ва «Барқчӣ»-и пойтахт – соҳиби 20-имтиёзӣ мебошанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...