Муҷассамаи Сино ба ҷои дигар кӯчонида мешавад

Date:

Муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 1984 дар маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе гузошта шудааст, ба ҷои дигар кӯчонида мешавад.

Дар доираи амалисозии лоиҳаи таъмиру азнавсозии роҳи мошингард аз муҷассамаи Сино то дарвозаҳои ғарбии Душанбе дар ҷойи муҷассама сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ пешбинӣ шудааст.

Аз ин рӯ, муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино ба ҷойи дигар кӯчонида мешавад ва мақомоти шаҳрдории пойтахт айни замон макони нави гузоштани онро муайян карда истодаанд.  Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи дар боло зикршуда ҳамчунин кӯчонида шудани дарвозахои ғарбии пойтахт, бурида шудани тақрибан 3 ҳазор дарахт дар майдони сохтмони роҳ ва қатъи фаъолияти чандин нуқтаҳои фурӯш дар назар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...