Муҷассамаи Сино ба ҷои дигар кӯчонида мешавад

Муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 1984 дар маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе гузошта шудааст, ба ҷои дигар кӯчонида мешавад. Дар доираи амалисозии лоиҳаи таъмиру азнавсозии роҳи мошингард аз муҷассамаи Сино то дарвозаҳои ғарбии Душанбе дар ҷойи муҷассама сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино ба ҷойи дигар кӯчонида мешавад […]

Asia-Plus

Муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 1984 дар маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе гузошта шудааст, ба ҷои дигар кӯчонида мешавад.

Дар доираи амалисозии лоиҳаи таъмиру азнавсозии роҳи мошингард аз муҷассамаи Сино то дарвозаҳои ғарбии Душанбе дар ҷойи муҷассама сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ пешбинӣ шудааст.

Аз ин рӯ, муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино ба ҷойи дигар кӯчонида мешавад ва мақомоти шаҳрдории пойтахт айни замон макони нави гузоштани онро муайян карда истодаанд.  Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи дар боло зикршуда ҳамчунин кӯчонида шудани дарвозахои ғарбии пойтахт, бурида шудани тақрибан 3 ҳазор дарахт дар майдони сохтмони роҳ ва қатъи фаъолияти чандин нуқтаҳои фурӯш дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.