Ӯзбекистон сиёсати ҳамроҳ нашудан ба иттифоқҳои низомиро идома медиҳад

Зимни суханронӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутатҳаид вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов изҳор намуд, ки Ӯзбекистон ба сиёсати пешгирифтаи ҳамроҳ нашудани ба ҳама гуна блокҳои низомӣ идома мебахшад. «Дар сиёсати хориҷӣ Ӯзбекистон ба анъанаҳо идома медиҳад… Кишвари мо бо роҳи сиёсати напайвастан ба ҳама гуна иттифоқҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, ҳамчунин роҳ надодан ба ҳузури пойгоҳҳои […]

Asia-Plus

Зимни суханронӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутатҳаид вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов изҳор намуд, ки Ӯзбекистон ба сиёсати пешгирифтаи ҳамроҳ нашудани ба ҳама гуна блокҳои низомӣ идома мебахшад.

«Дар сиёсати хориҷӣ Ӯзбекистон ба анъанаҳо идома медиҳад… Кишвари мо бо роҳи сиёсати напайвастан ба ҳама гуна иттифоқҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, ҳамчунин роҳ надодан ба ҳузури пойгоҳҳои низомӣ дар қаламрави Ӯзбекистон идома медиҳад», – хабар медиҳад РИА Новости.

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ҳамчунин зикр кард, ки кишвараш минбаъд низ иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифтааш дар доираи шартномаву қарордодҳои байнулмилалӣ ва созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро таъмин месозад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.