Аминҷон Гулмуродзода – журналисте, ки шаҳрвандӣ надорад

Asia-Plus

Журналисти нашрияи «Фараж» Аминҷон Гулмуродзода, ки моҳи августи соли равон пас аз афви президент ба озодӣ баромад, то ҳанӯз шахси бидуни шаҳрвандӣ боқӣ мемонад. Чӣ гуна ҳал кардани ин мушкилоти рӯзноманигорро мақомоти расмии Тоҷикистон намедонанд.

«Ҳозир дар хонаи ҳамсарам дар Душанбе зиндагӣ дорам. Ҳуҷҷатҳоямро дуруст карданиам, вале ҳар касе, ки аз қазияи ман огоҳ мешавад, ба тааҷҷуб меоянд. Пештар бо чунин ҳолатҳо дучор нашудаанд», – гуфт ба «Азия-Плюс» Аминҷон.

Ба гуфтаи ӯ, дар Шуъбаи раводид ва бақайдгирии ВКД Тоҷикистон, ки бояд ба масоили додани шаҳрвандӣ машғул шаванд, ба ӯ гуфтаанд, ки ба ҳолати кор расидагӣ карда, занг мезананд, вале то ҳол хомӯшанд.

«Айни замон дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ман шаҳрвандӣ додан намехоҳанд. Пештар адвокати ман бо ҷониби Ӯзбекистон дар тамос шуд, вале аз он ҷо баъди пурсишҳои муфассал ҷавоб омад, ки ман шаҳрванди Ӯзбекистон нестам ва ҳуҷҷатҳои маро дар ин кишвар дуруст карда наметавонанд. Ман худам ҳам саргарангам, ки чӣ чора андешам», – мегӯяд рӯзноманигор.

Ёдрас мекунем, ки  Аминҷон Гулмуродзодаи 33-сола  18 августи соли 2015 ба иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо ва истифодаи минбаъдаи онҳо ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум карда шуд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки аввали моҳи феврали соли ҷорӣ бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳукми як соли зиндони журналисти хабаргузории «Фараж» Аминҷон Гулмуродзода кам карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.