Боздошти як тоҷикистонӣ дар Қафқоз ба гумони ҷалби муҳоҷирон ба Давлати исломӣ

Asia-Plus

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти Осетияи Ҷанубӣ як шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар ташвиқу ҷалби муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ барои пайвастан ба сафҳои Давлати исломӣ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои хабаргузории REGNUM, шаҳрванди Тоҷикистон Умарҷон Исмоновро рӯзи 17 сентябр ба иттиҳоми ташкили фаъолияти дорои хусусияти ифротгароӣ боздошт карда, ӯ миёни муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ҷиҳати пайвастани онҳо ба сафҳои гурӯҳи террористии Давлати исломӣ корҳои ташвиқотӣ мебурдааст.

Гуфта мешавад, Исмонов ният доштааст, ки тариқи транзит ғайриқонунӣ тавассути қаламрави Гурҷистон ва Туркия ба Сурия рафта, дар он ҷо алайҳи ҳукумати қонунии ин кишвар биҷангад. «Исмонов ҷиҳати минбаъд ба ихтиёри Тоҷикистон супурдан ба Русия истирдод шуд», – омадааст дар хабар.

Бино ба маълуомти ВКД Тоҷикистон, тайи якуним соли ахир беш аз 150 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки ба ифротгариву терроризм гумонбар дониста мешаванд, ба Тоҷикистон истирдод шуда, миёни онҳо 133 нафарашон ба Давлати исломӣ алоқамандӣ доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.