Роҳбари Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати пойтахт аз мансаб барканор шуд

Аваз Юлдошев

Зимни машварати кории мақомоти шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масъалаи назорати иҷрои меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» раиси пойтахт аз ҷараёни назорати иҷрои он нигаронӣ изҳор намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, барои роҳандозӣ накардани назорати дахлдор ва ташкили ҳамоҳангии фаъолияти комиссияҳои назорати риояи меъёрҳои қонуни зикршуда ба муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷамила Лангариева, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Фирӯз Ӯлмасов ва мудири  шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомот Назруллоҳи Муҳаммадюсуф бо муқаррар кардани охирин огоҳӣ барои ислоҳи вазъ як моҳ муҳлат дода шуда, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Душанбе Манзура Саломова аз вазифа сабукдӯш шуд.

Дар ҷаласа раиси шаҳр қабл аз ҳама аз фаъолияти имрӯзаи комиссияҳои амалкунандаи шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамъиятии назорати танзими расму оин дар шаҳр изҳори нигаронӣ намуда, бо таҳлили воқеияти мавҷуда, зикр сохт, ки аксаран қонунпоймолкуниҳо дар ин самт бо сабаби хунукназарии масъулин дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва муносибати якхелаву муносифонаро нисбати хилофкорон роҳандозӣ накардан  рӯи кор омада, ба он боис гардидааст, ки мутаассифона ҳолатҳои зиёдаравиҳои намоишкорона то ҳанӯз ҷой доранд.

Бино ба маълумоти Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ мақомоти судӣ 288 парвандаи маъмурӣ оид ба риоя накардани меъёрҳои ин қонунро баррасӣ намуда, қонуншиканон дар ҳаҷми умумии беш аз 887 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

Сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Кумита Фаррухулло Олимов рӯзи 12 июл дар ин робита изҳор намуда буд, ки аксари мансабдорон ҷашну маросимҳоро ба номи дигарон сабт мекунанд ва аз ин рӯ, исботи даст доштани онҳо ба қонуншиканӣ душвор мегардад.

Ф.Олимов зикр карда буд, ки тӯли 6 моҳи соли равон дар ин самт нисбати 10 нафар шахсони мансабдор парвандаҳои маъмурӣ боз шуда, барои кам кардани чунин қонуншиканиҳо, маълумот дар ин бора ба ҷойҳои кории онҳо ирсол мегардад, то ки нисбати ин гуна мансабдорон чораҷӯӣ шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.