Сарулибоси миллии тӯёнаи арӯсон чӣ гуна аст?

Asia-Plus

Чанде пеш Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба арӯсони тоҷик тавсия дод, ки аз сарулибоси тӯёнаи аврупоӣ даст кашида, ба сарулибоси миллӣ афзалият диҳанд.

Сарулибоси тӯёнаи миллии арӯсони тоҷик чӣ гуна аст? Мо назари чандеро дар ин бора манзуратон мегардонем.

Маҳмуд Сангалиев, мутахассиси шуъбаи фатвои Маркази исломӣ тавсия дод, ки дар ин бора ба таърихшиносон муроҷиат кунем: «Мо уҳдадорем, ки танҳо аз нигоҳи динӣ дар ин масъала посух бигӯем. Аммо гузаштагони мо дар тӯйҳо сарулибоси миллии худро ба бар мекарданд ва мо ҳам пешниҳод мекунем, ки арӯсон маҳз либоси тӯёнаи миллии худро бипӯшанд».

Арӯсони оянда дар ин масъала чӣ фикр доранд?

– Фикр мекунам, ки ҳар кадоме аз духтарон дар ин рӯз орзу мекунад, ки куртаи сафеди дароз бипӯшад, вале аз сарпӯшу чакан ва зардӯзиҳои зебо низ сарфи назар кардан лозим нест, – гуфт Шоира Пӯлодова, тарроҳи сарулибос. – Ба ман масалан маъқул аст, ки ҳар як минтақа сарулибоси хос барои арӯсон дорад, вале ман бечуну чаро куртаи сафед ба бар мекунам. Сарулибоси миллиро бошад, бигузор дар дигар маросимҳо, аз қабили чойгаштак, рӯйбинон, талбон ва ғайра бипӯшанд.

Сокини шаҳри Хуҷанд Фирӯза Камолова мегӯяд, духтарони тоҷик танҳо як рӯз ба малика табдил ёфта, рӯзи дигар аллакай боз ба корҳои рӯзгор, аз қабили рӯбучину ҷомашӯӣ ва ғайраву ҳоказо машғул мешаванд. «Пас ҳамин як бор имкони малика шуданро аз онҳо гирифтан зарур аст», – савол медиҳад ӯ.

– Сарулибоси миллӣ ҳарчанд хеле зебо бошад ҳам, лекин ба ҳар ҳол аврупоӣ беҳтар аст, – мегӯяд боз як арӯс Адиба Рустамова. – Ҳатто аз рӯи нарх ҳам. Дӯхтани сарулибоси миллии тӯёна хеле гарон меафтад, нархҳо ба матоъ осмонианд. Аз хароҷоти сарулибоси миллӣ куртаро ба маблағи 500-1000 сомонӣ ба иҷора (прокат) гирифтан хубтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.