Дархости Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти долонҳои нақлиётӣ дар Афғонистон

Asia-Plus

Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов санаи 4 октябри соли 2016 дар чорабинии канорӣ дар мавзӯи “Ҳамгироии минтақавӣ ва шукуфоӣ”, ки дар пешорӯи Конфронси байналмилалии Брюссел оид ба Афғонистон баргузор шуд, ширкат намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ин ҷаласа атрофи нақши зерсохтор, транзит ва тиҷорати минтақавӣ дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва роҳҳои эҳёи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар дар заминаи тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ табодули назар сурат гирифт. 

Сироҷидин Аслов дар суханронии хеш ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, аз ҷумла аҳамияти иҷрои тарҳҳои зерсохтории миллию минтақавиро, бахусус дар ҷодаҳои энержӣ, иртибототи нақлиётӣ, нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва таъсиси бозорҳои наздисарҳадиро таъкид намуд. Дар ин росто ҳамчунин таваҷҷуҳи ширкаткунандагони чорабинии мазкур ба зарурати гирифтани иқдомҳои муассир барои таъмини амнияти долонҳои нақлиётӣ дар Афғонистон ва бартарафсозии монеаҳо дар самти тиҷорати байниминтақавӣ ва ҳамлу нақли транзитӣ, ки ҷавобгӯи манфиатҳои мардуми Афғонистон ва шукуфоии иқтисодии минтақа аст, ҷалб карда шуд. 

Конфронси байналмилалии Афғонистон зери унвони “Шарикӣ баҳри шукуфоӣ ва сулҳ” бо ширкати ҳайатҳои 70 кишвар ва 30 созмону ниҳодҳои байналмилалӣ ба мақсади кумакҳои молӣ барои бозсозии Афғонистон дар чаҳор соли оянда рӯзи 5 октябри соли 2016 дар Брюссел баргузор мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон рафт, вориди шаҳри Тошканд шуд ва дар фурудгоҳи ин шаҳр ӯро Шавкат...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...

Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?

Аз лиҳози вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон, Эрон миёни 20 кишвари аввал мақоми 8-умро касб кард.

Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз

Бо дархости Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн...