Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС – Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо намоиши консерти мусиқии классикӣ аз асарҳои оҳангсозони аврупоӣ Ҳафтаи фарҳанги Аврупо дар Тоҷикистон оғоз мегардад. Оғоз соати 18-30; – Дар Душанбе ҷаласаи 5-уми Кумитаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо-Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад; – Дар доираи Ҳафтаи фарҳанги Аврупо дар маркази фарҳанги «Бохтар» соати […]

АНОНС

– Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо намоиши консерти мусиқии классикӣ аз асарҳои оҳангсозони аврупоӣ Ҳафтаи фарҳанги Аврупо дар Тоҷикистон оғоз мегардад. Оғоз соати 18-30;

– Дар Душанбе ҷаласаи 5-уми Кумитаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо-Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад;

– Дар доираи Ҳафтаи фарҳанги Аврупо дар маркази фарҳанги «Бохтар» соати 11-00 намоиши аксҳои аксбардорони тоҷик Ҷамшед Холиқов ва Шаҳром Авезов бо номи «Сайру саёҳат дар Аврупо» ва консерти муҳассилини лаёқатманди мактаби махсуси мусиқии ба номи Атоев баргузор мешавад;

– Соати 18-00 дар маркази фарҳанги «Бохтар» фестивали филмҳои аврупоӣ оғоз мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8721 сомонӣ;

1 евро – 8.7837 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1220 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1930 – Дар Тоҷикистон таълими омодагии ибтидоии ҳарбӣ ҷорӣ гардид.

1949 – Дар Маҷмаъи Умумии Иттиҳодияи умумиҷаҳонии тиббӣ Кодекси нахустини ахлоқи тиббӣ қабул шуд.

2004 – Дар Люксембург президент Эмомалӣ Раҳмонов Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро ба имзо расонид.

2010 — Президенти Тоҷикистон дастур дод, ки содироти чорво, гӯшт, картошка, пашм ва оҳанпора пурра манъ карда шавад.

1912-1990 – Зодрӯзи доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, профессор Солеҳ Раҷабов.

1920-1985 – Мавлуди нависанда Мустафо Шарқӣ.

1953 – Зодрӯзи ҳунарпешаи театр Тоҷинисо Саидова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +23+28, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +18+23.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +20+25.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +20+25; дар шарқ шабона -3-8, рӯзона +9+14.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +23+28, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +21+26. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +25+27.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +23+25.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

11 сол зиндон ба сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб. Ӯ барои тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ гумонзад буд

Додгоҳи Варзоб Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии ин ноҳияро, ки ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ аз буҷа гумонзад мешуд, ба 11 соли...

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.