Шикояти кормандони пулиси муттаҳам ба куштори шаҳрванди Тоҷикистон аз болои ҳукм

Суди вилояти Маскав шикояти таҷдиди назар (апеллятсионӣ)-и се нафар собиқ кормандони пулисро, ки қаблан ба лату кӯби то марги муҳоҷири 39-солаи тоҷик муттаҳам дониста шуда буданд, баррасӣ мекунад. Фаррух Алихонович Урозов 39 сол дошт ва дар сохтмоне дар яке аз шаҳракҳои воқеъ дар Солнечногорск кор мекард. Ӯ шоми 17 сентябри соли 2014 баъди бозгашташ аз […]

Asia-Plus

Суди вилояти Маскав шикояти таҷдиди назар (апеллятсионӣ)-и се нафар собиқ кормандони пулисро, ки қаблан ба лату кӯби то марги муҳоҷири 39-солаи тоҷик муттаҳам дониста шуда буданд, баррасӣ мекунад.

Фаррух Алихонович Урозов 39 сол дошт ва дар сохтмоне дар яке аз шаҳракҳои воқеъ дар Солнечногорск кор мекард. Ӯ шоми 17 сентябри соли 2014 баъди бозгашташ аз ҷои кор дар манзиле, ки иҷора менишаст, бар асоси шикояти як ҳамсояи онҳо боздошт шуд. Ин зани ҳамсоя, ки аз ӯ Светлана ном мебаранд, Урозовро ба таҷовуқ ба номуси духтари шашсолааш айбдор мекардааст. Фаррух Урозов субҳи 18 сентябри соли 2014, баъди чанд соати боздошташ дар шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Солнечногорск даргузашт.

Баъди чанде кормандони пулис ӯ ва дӯсташ Фирдавс Сатторовро низ боздошт ва ба шуъбаи пулис мебаранд. Субҳи 18 сентябр онҳоро аз шуъаи пулис ҷавоб дода, баъди чанд соат онҳо огоҳ мешаванд, ки Фаррух даргузаштааст.

Бино ба хулосаҳои ташхиси тиббӣ, муҳоҷири тоҷик бар асари шикастани чандин қабурғааш ҷон бохта, маълум шудааст, ки афсарони пулис барои маҷбур кардани Урозов ба эътирофи гуноҳ ба бадани вай дастикам 75 зарба задаанд.

Моҳи июни соли 2016 суди шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав нисбати 3 нафар кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноии ҳамин шаҳр, ки дар марги муҳоҷири 39-солаи тоҷик Фаррух Урозов айбдор карда шуда буданд, ҳукм содир намуда, Станислав Дейкун ва Андрей Черишев ба 7,4 сол ва Владимир Гордеев ба 7,6 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.

Қобили зикр аст, ки зимни мурофиаи судии ахир айбдоркунандаи давлатӣ Анна Евченко дархост намуда буд, ки судшавандагон гунаҳкор эътироф гардида, Дейкун ва Чернишев ҳар кадоме ба 9 соли зиндон ва Гордеев ба 9 солу се моҳи зиндони низомаш шадид маҳкум карда шаванд.

Бино ба маълумоти Ташкилоти байниминтақавии ҷамъиятии «Кумитаи пешгирии шиканҷа (Комитет по предотвращению пыток), маҳкумшудагон ба ин ҳукм норозигӣ баён намуда, аз болои он ба суди вилояти Маскав шикоят бурдаанд. Баррасии шикояти собиқ кормандони пулис пагоҳ, 11 октябр сурат мегирад.

Фаррух Урозов зодаи деҳаи Бобосафоли Поёни собиқ колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Фархор аст. Писари калонии ӯ дар синфи панҷум таҳсил дошта, се духтараш ҳанӯз мактабхон нестанд. Фаррух муддати 14 сол дар вилояти Маскав кор мекард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.