Украина қасди хориҷ шудан аз ҳайати ИДМ-ро дорад

Павел Климкин, вазири корҳои хориҷии Украина рӯзи якшанбе гуфтааст, ки кишвараш масъалаи хориҷ шудан аз ҳайати ИДМ-ро баррасӣ дорад. Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Климкин зимни суҳбат бо телевизиони "112-Украина" низ қайд кардааст, ки "равобити иқтисодии Киеву Москва дар ояндаи наздик ба сатҳе, ки то оғози нооромиҳои Донбас буд, бар нахоҳад гашт". Ба […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Павел Климкин, вазири корҳои хориҷии Украина рӯзи якшанбе гуфтааст, ки кишвараш масъалаи хориҷ шудан аз ҳайати ИДМ-ро баррасӣ дорад.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Климкин зимни суҳбат бо телевизиони "112-Украина" низ қайд кардааст, ки "равобити иқтисодии Киеву Москва дар ояндаи наздик ба сатҳе, ки то оғози нооромиҳои Донбас буд, бар нахоҳад гашт".

Ба гуфтаи вай, табодули мол миёни Украина ва Русия то оғози даргириҳо 37%-ро ташкил дода, ҳоло он то ба 5% поин рафтааст.

Киев ҳанӯз соли 2014 гуфта буд, ки қасди хориҷ шудан аз ҳайати ИДМ-ро дорад. Вале Вазорати корҳои хориҷии Украина баъдан гуфт, кишвараш тасмим гирифтааст, ки ҳадди поини иштирок дар иттиҳодро нигоҳ дорад, зеро робитаҳои иқтисодиро намешавад якбора ба ҳам зад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.