Бунёди зербинои CASA-1000 дар Тоҷикистон соли оянда оғоз мегардад

Дар доираи амалисозии Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) барои интихоби паймонкори сохтмони зеристгоҳи табдили барқ дар Сангтӯда бо иқтидори гузаронидани 1300 МВт нерӯи барқ тендер эълон шуд. Ин иншоот ҷараёни тағйирёбандаи барқеро, ки минбаъд ба Афғонистон интиқол дода мешавад, ба ҷараёни доимӣ табдил медиҳад. Бино ба маълумоти […]

Asia-Plus

Дар доираи амалисозии Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) барои интихоби паймонкори сохтмони зеристгоҳи табдили барқ дар Сангтӯда бо иқтидори гузаронидани 1300 МВт нерӯи барқ тендер эълон шуд. Ин иншоот ҷараёни тағйирёбандаи барқеро, ки минбаъд ба Афғонистон интиқол дода мешавад, ба ҷараёни доимӣ табдил медиҳад.

Бино ба маълумоти сомонаи лоиҳа, ҳамчунин барои сохтмони чунин зеристгоҳ дар Навшаҳри Покистон низ тендер эълон шуда, тибқи ҷадвали нав, паймонкори бунёди зеристгоҳҳо дар Сангтӯда ва Навшаҳр моҳи феврали соли оянда муайян карда мешавад. Ғайр аз ин, сохтмони зеристгоҳи табдили барқ бо иқтидори газронидани 300 МВт дар Кобул низ дар назар аст.

Дар доираи лоиҳа хатти 477 километраи интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи Датка (Қирғизистон) то Хуҷанд сохта шуда, Сангтӯда, Кобул ва Пешовар бо хатти баландшиддати интиқоли барқи 750 километра пайваст мешаванд.

Барои амалисозии лоиҳаи CASA-1000 харҷи 1 млрд. 170 млн. доллари ИМА, аз ҷумла 801 млн. баҳри бунёди зербино ҷиҳати интиқоли барқ ва боз 30 млн. барои дастгирии лоиҳа пешбинӣ шудааст.

Буҷети тахминии барномаи дастгирии хонаводаҳо дар доираи лоиҳа 70 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳаҷми хароҷоти марбут ба тадбирҳои экологиву иҷтимоӣ 20 млн. доллари ИМА ва хароҷоти ғайримунтазира 145 млн. доллари ИМА арзёбӣ шудааст. Барои пардохти андоз ва фоизҳо зимни сохтмони хатти интиқоли барқ 104 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки Бонки ҷаҳонӣ (дар доираи Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд) сармоягузории асосии лоиҳаи CASA-1000 мебошад. Муҳлати анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2020 муқаррар шудааст.

Дар лоиҳаи CASA-1000 сохтмони хатти интиқоли барқ барои таҳвили нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст. Маросими расмии оғози амалисозии лоиҳа 12 сентябри соли равон дар шаҳри Турсунзода бо иштироки сарони кишварҳои узви лоиҳа доир гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.