Вазорати мудофиа: Маъракаи даъват бидуни мушкилӣ ҷараён дорад

Date:

Тӯли 10 рӯз аз оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 50%-и нақшаи даъват ба иҷро расидааст. Дар Вазорати мудофиа итминон медиҳанд, ки маъракаи даъват бидуни ҳеҷ мушкилие ҷараён дорад.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки то имрӯз ба унвони вазорат аз даъватшавандагон ва волидони онҳо ягон шикояте дар ин хусус нарасидаааст.

Ӯ таъкид дошт, ки бо фармони вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо имсол дар назди тамоми комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҳуҷраҳои қабули аризаву шикоят аз даъватшавандагон ва волидони онҳо боз шуда, тамоми мушкилоти пайдошуда дар ин самт дар маҳалҳо роҳи ҳалли худро меёбанд.

Баъди даҳ рӯз аз оғози маъракаи мазкур нақшаи даъват дар ноҳияҳои Дарвозу Ишкошим ва Рӯшон (ВМКБ), Кӯҳистони Мастчоҳ, Истиқлол, Спитамен ва Шаҳристон (Суғд) ва Носири Хусрав, Балҷувон ва Шамсиддини Шоҳин пурра (100%) иҷро шудааст.

То имрӯз дар маҷмӯъ нишондиҳандаи иҷрои нақшаи даъват дар ВМКБ – 82%, вилояти Суғд – 63%, Хатлон – 47%, ноҳияҳои тобеи марказ – 38% ва шаҳри Душанбе – 28%-ро ташкил медиҳад.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони марди синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...