ВКД аз боздошти гумонбар ба қатли сокини Хоруғ маълумот дод

Мавзуна Абдуллоева

Дар шаҳри Хоруғ гумонбар ба куштори сокини 33-солаи ҳамин шаҳр Фирӯз Одинашоев боздошт шуд.

«Дар ҷараёни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбар ба содир намудани ин ҷиноят Орзу Бойназаров дар қаламрави маркази маъмурии ВМКБ боздошт шуда, айни замон ӯ дар боздоштоҳи муваққатии шаҳри Хоруғ қарор дорад. Прокуратураи вилоят ба тафтиши парванда машғул аст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷон Эмомалӣ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 9 октябр ҷанҷолу занозанӣ миёни ҷавонон дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ба тирпарронӣ бадал гардида, дар натиҷа аз захми силоҳ сокини 33-солаи шаҳр Фирӯз Одинашоев ҳалок шуд.

Сокини 33-солаи шаҳри Хоруғ Фирӯз Одинашоев тасодуфан дар тирпарронӣ ба ҳалокат расидааст. Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, ӯ дар ин муноқиша миёни ҷавонон ҳузур надошта, дар ҳавлии хонаашон тасодуфан тир ба ӯ омада расидааст.

Дар ҳамин ҳол, дар машварати фаврии мақомоти қудратӣ таҳти раёсати раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед қайд шуд, ки дар натиҷаи тирпарронӣ боз якчанд тани дигар низ захм бардошта, вале барои кумаки тиббӣ муроҷиат накардаанд.

Қобили зикр аст, ки баъди чунин ҳодисаҳо мақомоти қудратӣ боз сари масъалаи аз ҷониби аҳолӣ нигаҳдории миқдори зиёди аслиҳа бармегарданд. Чанд сол қабл ҳукуматдорон ба мусодираи аслиҳа аз аҳолӣ шурӯъ намуда, танҳо тӯли 5 соли охир, тибқи маълумоти ВКД, аз аҳолии Бадахшон беш аз 1,2 ҳазор адад аслиҳаи оташфишон мусодира шудааст.

Соли гузашта низ бар асари тирпарронӣ дар ноҳияи Рӯшон Бадавлат Кименов 20-сола ҳалок гардида буд. Он замон ВКД дар ин робита иттилоъ дода буд, ки донишҷӯи соли дуюми Донишкадаи тарияи ҷисмонӣ баъди ҳамроҳи 8 нафар дӯстонаш лату кӯб кардани ронандаи автомашинаи «Ланд-Крузер» Асрат Ёқубов назди бинои «Тоҷиктелеком» дар Рӯшон кушта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...