Санаи интихоботи президенти Туркманистон 12 феврал таъин шуд

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Парлумони Туркманистон санаи интихоботи навбатии президентии он кишварро 12 феврал таъйин кард.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, дар он се ҳизб: Ҳизби демократии Туркманистон, Ҳизби истеҳсолгарон ва соҳибкорон ва Ҳизби аграрӣ ширкат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мақомоти кишварашро дастур додааст, ки ба интихоботи навбатӣ омода шаванд. «Ин интихобот бояд ба таври демократӣ ва бо ширкати чанд номзад баргузор шавад», – гуфтааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки бори охир дар Туркманистон 12 феврали соли 2012 интихобот баргузор шуда, дар он Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 97,14% раъй ба даст оварда буд.

Зимнан зикр мегардад, ки парлумони Туркманистон моҳи сентябри соли ҷорӣ Конститутсияи нави ин кишварро қабул кард, ки бар асоси он муҳлати президентӣ аз 5 ба 7 сол тамдид шуд. Ҳамчунин дар Конститутсия синни президентӣ то 70-солагӣ таъйин гардид. Тибқи Конститутсияи куҳна, муҳлати президентии Бердимуҳаммадов моҳи феврали соли 2017 ба охир мерасид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.