Беш аз 1,4 млрд. $ коҳиши ҳаҷми муомилоти мол тайи 2 соли охир

Тайи 2 соли ахир ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон қариб ба андозаи 33% ё худ ба маблағи 1 млрд. 408 млн. доллари ИМА коҳиш ёфт. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон ҳамагӣ 2 млрд. 895 млн. доллари ИМА (ҳамин давраи соли гузашта – 4 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тайи 2 соли ахир ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон қариб ба андозаи 33% ё худ ба маблағи 1 млрд. 408 млн. доллари ИМА коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон ҳамагӣ 2 млрд. 895 млн. доллари ИМА (ҳамин давраи соли гузашта – 4 млрд. 303 млн. доллари ИМА)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-сентябри соли 2015 ба андозаи 7,9% ё худ 250 млн. доллари ИМА камтар аст.

Дар Агентии омор поинравии нишондиҳандаҳои ҳаҷми муомилоти молии хориҷии Тоҷикистонро пеш аз ҳама ба коҳиши ҳаҷми воридоти чӯб ва маснӯоти он (38%), маводи тайёри ғизойӣ (30%), маҳсулоти растанӣ (23%),  маҳсулоти минералӣ (21%), воситаҳои нақлиёт (18%) ва ғайра нисбат медиҳанд.

Ҳамчунин ба камшавии ҳаҷми муомилоти мол коҳиши ҳаҷми содироти нахи пахта, сангҳои қиматбаҳо ва металлҳо, маҳсулоти чорводорӣ ва растанӣ низ таъсир расонидааст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия ва Чин маҳсуб ёфта, тайи 9 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия ҳудуди 764 млн. доллари ИМА ва Тоҷикистону Чин – қариб 700 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми муомилот бо Русия 9,3% кам шуда, бо Чин – ба андозаи 32% афзудааст.

Миёни шарикони нисбатан фаъоли Тоҷикистон дар муомилоти мол дар ин давра ҳамчунин Қазоқистон (458 млн. $), Туркия (224 млн. $) ва Швейтсария (104 млн. $) зикр шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.