Санаи интихоботи президенти Туркманистон 12 феврал таъин шуд

Парлумони Туркманистон санаи интихоботи навбатии президентии он кишварро 12 феврал таъйин кард. Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, дар он се ҳизб: Ҳизби демократии Туркманистон, Ҳизби истеҳсолгарон ва соҳибкорон ва Ҳизби аграрӣ ширкат хоҳанд кард. Гуфта мешавад, президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мақомоти кишварашро дастур додааст, ки ба интихоботи навбатӣ омода шаванд. «Ин интихобот бояд […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Парлумони Туркманистон санаи интихоботи навбатии президентии он кишварро 12 феврал таъйин кард.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, дар он се ҳизб: Ҳизби демократии Туркманистон, Ҳизби истеҳсолгарон ва соҳибкорон ва Ҳизби аграрӣ ширкат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мақомоти кишварашро дастур додааст, ки ба интихоботи навбатӣ омода шаванд. «Ин интихобот бояд ба таври демократӣ ва бо ширкати чанд номзад баргузор шавад», – гуфтааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки бори охир дар Туркманистон 12 феврали соли 2012 интихобот баргузор шуда, дар он Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 97,14% раъй ба даст оварда буд.

Зимнан зикр мегардад, ки парлумони Туркманистон моҳи сентябри соли ҷорӣ Конститутсияи нави ин кишварро қабул кард, ки бар асоси он муҳлати президентӣ аз 5 ба 7 сол тамдид шуд. Ҳамчунин дар Конститутсия синни президентӣ то 70-солагӣ таъйин гардид. Тибқи Конститутсияи куҳна, муҳлати президентии Бердимуҳаммадов моҳи феврали соли 2017 ба охир мерасид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.