Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт маросими оғози барномаи Бонки аврупоии таҷдиду рушд оид ба беҳбуди рақобатпазирии тиҷорати аграрӣ дар Тоҷикистон доир мегардад. Оғоз соати 12:30; – Дар шаҳри Душанбе Синамобазми байналмилалии VII «Дидор» идома дорад. Филмҳои синамобазм то 20 октябр аз соати 10:00 дар Хонаи Синамогарон ҳаррӯза то панҷ сеанс намоиш дода мешаванд. Тамошо […]

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт маросими оғози барномаи Бонки аврупоии таҷдиду рушд оид ба беҳбуди рақобатпазирии тиҷорати аграрӣ дар Тоҷикистон доир мегардад. Оғоз соати 12:30;

– Дар шаҳри Душанбе Синамобазми байналмилалии VII «Дидор» идома дорад. Филмҳои синамобазм то 20 октябр аз соати 10:00 дар Хонаи Синамогарон ҳаррӯза то панҷ сеанс намоиш дода мешаванд. Тамошо ройгон аст.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8750 сомонӣ;

1 евро – 8.6578 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1215 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1922 – Таъсиси ширкати радиошунавонии бритониёии ВВС.

1996 – Анҷоми корҳои таҷдиди хатти парвозу нишасти фурудгоҳи Душанбе.

2010 — Вазорати маорифи Тоҷикистон дар бораи бекор кардани таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳоронаи мактаббачагон ва дароз шудани таътили зимистона ба муддати як моҳ қарор қабул кард.

2013 — Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйирот ба қонун «Дар бораи ҳифзи солимии аҳолӣ»-ро маъқул шуморид, ки тибқи он тамоми муассисаҳои тиббӣ бояд ҳатман аз қайд гузаранд.

1918-1990 – Зодрӯзи актёр ва коргардон, Ҳунарпешаи шистаи Тоҷикистон Саъдулло Каримов.

1939 — Мавлуди шоир ва тарҷумон Аслам Адҳам

1962 – Зодрӯзи сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфаттоҳи Ғоиб.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9 рӯзона +18+23, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +11+16.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +18+23.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +3+8, рӯзона +19+24; дар шарқ шабона -3-8, рӯзона +6+11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +16+21. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +18+20.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +25+27.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +20+22.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.