Дар ҳамла ба маркази таълимии пулис дар Покистон ҳудуди 60 нафар ҷон бохтанд

АМИТ «Ховар»

Дар шаҳри Кветтаи Покистон бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба маркази таълимии полис ҳудуди 60 нафар ҳалок гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии «GEO TV» хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, сардори полиси музофоти Балуҷистон Сарфароз Бугти пас аз нобуд гардидани 3 ҷинояткор дар бораи анҷом ёфтани амалиёт эълон кард. Тибқи гуфтаи ӯ, ҷангиён бо худ камарбанди маргталаб доштаанд.

Чанде пеш иттилоъ расида буд, ки ҳамлаи шоми рӯзи душанберо гурӯҳи шашнафараи ҷангиён роҳандозӣ кардааст. Бино ба гуфтаи низомиён, эҳтимол ҳамларо гурӯҳи бо «Толибон» алоқаманд- «Лашкари Ҷангви» амалӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ дар ин робита, мақомҳои амниятӣ дар Покистон гуфтаанд, ки дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба як маркази омӯзишии пулис дар шаҳри Кветта – маркази вилояти Балуҷистон – ҳадди ақалл 60 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шуда, ин ҳамла шаби 24 ба 25 октябр рух додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...