Шахсияти ҷасади дар Суғд дарёфтгардида маълум шуд

Date:

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки бо мусоидати расонаҳои хабарӣ ва гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шахсияти ҷасади рӯзи 5-уми сентябр дар вилояти Суғд дарёфтшуда муайян карда шудааст.

Шахсияти ҷавони ҳалокшуда, ки аксаш дар ВАО интишор шуда буд, баъди ба хок супурдани ӯ муайян карда шуда, мақомоти тафтишот бар ин назар буданд, ки ӯ ба худкушӣ даст задааст.

Рӯзи 25 октябр ВКД аз гӯру чӯб кардани ҷасад маълумот дода, вале аллакай рӯзи дигар сокини шаҳри Душанбе, ки бародари ӯ будааст, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кард.

«Маълум шуд, ки шахси фавтида сокини шаҳри Душанбе Ислом Иноятови 18-сола аст. Ахиран ӯ бекор будааст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Умарҷони Эмомалӣ.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 5 сентябр дар ҷамоати Унҷи, кӯчаи Ҷ.Солиеви ноӽияи Б.Ғафуров, аз қисми қафои мактаби таҳсилоти умумии №29, ҷасади ҷинсаш мард, шахсияташ номаълум, тақрибан 18-23 сола дарёфт шуд. «Муддати зиёда аз як моҳ мешавад, ки ҷасади мазкур дар сардхонаи ноҳияи Б.Ғафуров қарор дошта, шахсияташ то айни замон номаълум боқӣ мондааст», – зикр гардида буд дар маълумоти ВКД.

Дар ин маълумот ҳамчунин қайд шуда буд, ки дар ҷисми ҷавон аломатҳои марги маҷбурӣ ба мушоҳида нарасидааст. Имрӯз намояндаи ВКД изҳор кард, ки ҷавон дар ҳолати ба дор овехташуда дарёфт шудааст.

«Ҳозир хешону наздикони ҷавони ҳалокшуда ба кушодани қабр исрор меварзанд. Онҳо ҳамчунин ҳуқуқ доранд, ки ҷасадро дубора ба хок супоранд», – иттилоъ дод намояндаи ВКД Тоҷикистон.

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки аз рӯи ин далел қаблан парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст, зеро дар ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт нагардида буд, вале агар қабр кушода шаваду ҷасад мавриди ташхис қарор гирад, аз рӯи натиҷаҳои ташхиси судиву тиббӣ доир ба боз кардани парвандаи ҷиноӣ тасмим гирифта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Радиои Озодӣ, падару писарамаки ин ҷавон барои зиёрати манзилҷогаи вай ба Хуҷанд рафтаанд. Яке аз хешовандони ин хонавода ба кормандони пулис гуфтааст, ки қасди бурдани ҷасади писараш аз Хуҷандро надорад, чун насибаш ҳамин будааст ва дар ин ҷо ҷон додаву хоксупорӣ шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...