Шикасти мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон аз Ӯзбекистон

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19) дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола дар гурӯҳи “D” аз тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин бозӣ 27-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи “D” мунтахаби Тайван […]

Радиои Озодӣ

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19) дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола дар гурӯҳи “D” аз тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин бозӣ 27-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи “D” мунтахаби Тайван дастаи Ҳонконгро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард.

Гуфта мешавад, ба ин тартиб, баъди даври аввал дар ҷадвали мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “D”, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе то рӯзи 31-уми октябр идома меёбад, дастаҳои Тайван ва Ӯзбекистон бо сеимтиёзӣ пешсафанд.

Дар даври дувуми мусобиқаи интихобӣ рӯзи шанбеи 29-уми октябр Ҳонконг бо Ӯзбекистон (соати 14:00) ва Тоҷикистон бо Тайван (17:00) рақобат мекунанд.

Бояд гуфт, ки танҳо ғолиби гурӯҳи “D” ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола роҳхат мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.