АНОНС
– Аз 1 ноябр аҳолии Тоҷикистон барои 1 кВт/соат нерӯи барқ ба ҷои 12,6 дирами пешина 14,6 дирам пардохт мекунад;
– Аз 1 ноябр ширкати «Вавилон-М» дубора бақайдгирии SIM-кортҳоро оғоз мекунад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 7.8769 сомонӣ;
1 евро – 8.6268 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1211 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1929 – Нусхаи нахустини рӯзномаи «Советский Таджикистан» (феълан «Народная газета») нашр шуд.
1960 – Корхонаи дастгоҳи шиддати пастволти Адрасмон мавриди истифода қарор гирифт.
2010 — Дар Душанбе аввалин намояндагии дипломатии кишварҳои араб дар Тоҷикистон – сафоратхонаи Арабистони Саудӣ боз шуд.
1939-1993 – Зодрӯзи нависанда Баҳром Фирӯз.
1948 – Мавлуди журналист Сироншои Диловар.
1950 – Зодрӯзи раққоса Садбарг Қосимова.
1951 – Мавлуди мураббии дараҷаи байнулмилалӣ оид ба самбо Шеравлиё Шеравлиёев.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8 рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -1+4, рӯзона +11+16; дар шарқ шабона -5-10, рӯзона +2+7.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+7, рӯзона +22+25, дар доманакӯҳҳо шабона 0+4, рӯзона +10+15.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +6+9, рӯзона +25+28.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +8+11, рӯзона +15+20.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +23+25.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда,бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +14+16.


