Дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт

Asia-Plus

Бо амру фармонҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Алибердиева Қиматгул Худобердиевна бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод ва Маҳтобшозода Арамбегим Бозор – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид.

Азизи Азимбой бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд озод ва ба ҷойи ӯ Мирдадо Зариф – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд таъин карда шуд.

Тибқи фармони дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло – муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардида, фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Азимзода Алимардон Шоимардон – муовини Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...