Дар маъракаи интихоботи президенти ИМА Трамп алҳол пешсаф аст

Бар асоси натиҷаи пешакии интихоботи Амрико Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ бо 140 раъй аз Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократ пеш гузаштааст. Клинтон бино ба гузоришҳо 104 раъй ба даст овардааст. Барои пирӯзӣ дар интихоботи Амрико 270 овоз зарур аст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, қаблан Ҳилларӣ Клинтон раъйи аксарият дар чандин иёлоти шарқӣ ва […]

Радиои Озодӣ

Бар асоси натиҷаи пешакии интихоботи Амрико Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ бо 140 раъй аз Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократ пеш гузаштааст. Клинтон бино ба гузоришҳо 104 раъй ба даст овардааст. Барои пирӯзӣ дар интихоботи Амрико 270 овоз зарур аст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, қаблан Ҳилларӣ Клинтон раъйи аксарият дар чандин иёлоти шарқӣ ва марказии Амрикоро ба даст оварда ва аз рақибаш Доналд Трамп, пеш гузашта буд. Доналд Трамп дар иёлоти Кентаки, Индиана, Каролинаи Ҷанубӣ ва Оклаҳома пирӯз шуд, вале ҳарду номзад мунтазири эълони натиҷаҳои интихобот аз иёлоти бузургтару сераҳолӣ ҳастанд. Аз ҷумла, Флорида, Оҳайо ва Каролинаи Шимолӣ барои номзадҳо бисёр муҳим аст.

Ҳамин тавр, раъйдиҳӣ барои интихоби президенти нави Амрико дар чандин иёлат ба поён расидааст ва то чанд соати дигар яке аз ду номзади аслӣ, яъне Ҳилларӣ Клинтон ё Доналд Трамп ба унвони 45-умин раиси ҷумҳур муаррифӣ хоҳад шуд. Баъди як маъракаи тарғиботии пуршӯру баҳс дар таърихи Амрико, 8 ноябр мардум барои интихоби раиси ҷумҳур ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд. Ду номзади аслӣ – Ҳилларӣ Клинтон аз Ҳизби демократ ва Доналд Трамп аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ – низ дар раъйдиҳӣ иштирок карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.