Дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт

Бо амру фармонҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Алибердиева Қиматгул Худобердиевна бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод ва Маҳтобшозода Арамбегим Бозор – иҷрокунандаи […]

Asia-Plus

Бо амру фармонҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Алибердиева Қиматгул Худобердиевна бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод ва Маҳтобшозода Арамбегим Бозор – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид.

Азизи Азимбой бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд озод ва ба ҷойи ӯ Мирдадо Зариф – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд таъин карда шуд.

Тибқи фармони дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло – муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардида, фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Азимзода Алимардон Шоимардон – муовини Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.