Ҷашни пуршукӯҳи Рӯзи Президент дар Тоҷикистон

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки раисаш прузиденти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аст, ба муносибати ҷашни Рӯзи Президент дар тамоми минтақаҳои кишвар чорабиниҳо баргузор мекунад. Шурӯъ аз ҳамин сол ин рӯзи иди нав минбаъд санаи 16 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Сухангӯи ҲХДТ Усммон Солеҳ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки раисаш прузиденти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аст, ба муносибати ҷашни Рӯзи Президент дар тамоми минтақаҳои кишвар чорабиниҳо баргузор мекунад. Шурӯъ аз ҳамин сол ин рӯзи иди нав минбаъд санаи 16 ноябр ҷашн гирифта мешавад.

Сухангӯи ҲХДТ Усммон Солеҳ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар мизҳои гирду семинарҳо доир гардида, «дар онҳо хизматҳои шоистаи Пешвои миллат ба мардуми Тоҷикистон зикр мешавад».

Мутобиқи барномаи ҳукумат, дар ҷашни Рӯзи президент дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳат, театрҳои шаҳру навоҳӣ ва дар толори сирки давлатӣ намоишномаҳои бепул ташкил карда мешаванд.

Санаи 16 ноябр дар Китобхонаи миллӣ ва тамоми китобхонаву осорхонаҳои ҷумҳурӣ маросими намоишҳои китобҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин намоиши рассомону аксбардорони кишвар бахшида ба Пешвои миллат баргузор шуда, ҳамаи китобхонаву осорхонаҳои кишвар бо реҷаи «дарҳои боз» кор мекунанд.

Дар тамоми мактабҳои олӣ ва таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ низ маросимҳои намоиши китобҳои Эмомалӣ Раҳмон, машғулиятҳо доир ба муҳтавои онҳо ва дар муассисаҳои томактабӣ дар мавзӯи «Президент аз нигоҳи кӯдакон» озмуни расмҳо гузаронида мешавад.

Дар қисмҳои низомии кишвар таҳти унвони «Садоқат ба президент – садоқат ба Ватан» вохӯриҳои сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ бо шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ баргузор мегарданд.

Толибилмони мактабҳои ҷудогонаи вилояти Хатлон аз мактаби таҳсилоти умумии №7-и ноҳияи Данғара ва Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Сарбанд боздид мекунанд, ки замоне дар онҳо Пешвои миллат таҳсил кардааст.

Санаи 16 ноябр дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо навиштаҷоти «Президенти мо – Пешвои мо» аксҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон гузошта мешаванд.

Қобили зикр аст, ки соли равон дар Тоҷикистон ду рӯзи идҳои нав ҷорӣ шуданд. Дар ҷаласаи моҳи апрел палатаи поёнии парлумони кишвар санаи 16 ноябрро ҷашни Рӯзи Президент тасдиқ намуд, ки ҳамасола бидуни рӯзи истироҳат таҷлил мегардад. Санаи 16 ноябри соли 1994 маросими нахусти савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд.

Моҳи июн дар Тоҷикистон боз як иди нав ҷорӣ шуд, ки он ҳам ба президент марбут аст. Ҳамасола санаи 29 сентябр дар Тоҷикистон ҳамчун «Рӯзи дипломати тоҷик» ҷашн гирифта мешавад. Дар ин сана бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ кард.

То имрӯз дар Тоҷикистон 79 рӯзҳои ид муқаррар шудааст, ки 10-то онҳо рӯзҳои ғайрикорӣ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.