Сокини Суғд бо роҳи фиреб 138 ҳазор доллари ҳамдиёронашро азхуд кардааст

Кормандони милитсия сокини 27-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро барои қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд боздошт намуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, моҳи марти соли 2016 ӯ ба боварии марди 45-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 21 ҳазор доллари амрикоӣ мегирад, вале маблағро то ҳол барнагардондааст. Гуфта мешавад, гумонбаршуда бо ҳамин роҳ […]

Asia-Plus

Кормандони милитсия сокини 27-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро барои қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, моҳи марти соли 2016 ӯ ба боварии марди 45-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 21 ҳазор доллари амрикоӣ мегирад, вале маблағро то ҳол барнагардондааст.

Гуфта мешавад, гумонбаршуда бо ҳамин роҳ аз марди 26-солаи сокини шаҳри Хуҷанд 350-тонна гандумро ба маблағи 93 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта то ҳанӯз барнагардонидааст.

Зикр мегардад, ки номбурда бо чунин кирдор аз марди 55-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров низ 1100-тонна гандум, ба маблағи 203 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, аз ин 86 ҳазор доллари амрикоиашро баргардонида, боқимонда 117 ҳазор доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2015 дар Тоҷикистон 3 ҳазору 511 далелҳои қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2014 ба миқдори 123% зиёдтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.