Зебосанами тоҷикро Пер Карден ба Париж даъват кард

Зебосанами тоҷик Парвина Саидова дар Остона ғолиби озмуни зебогии Miss World Beauty гардид. Зебосанам дар номинатсияи Mrs International-2016 тоҷ ба даст овард. Бино ба маълумоти Sputnik Тоҷикистон, дар озмун 120 нафар зебосанамон аз кишварҳои гуногун иштирок доштанд. Ҳакамон пеш аз ҳама ба намуди зоҳирӣ, маҳорати овозхонӣ ва раққосии онҳо ва муаррифии либосҳои миллии зебосанамон боҳодиҳӣ […]

Sputnik Тоҷикистон

Зебосанами тоҷик Парвина Саидова дар Остона ғолиби озмуни зебогии Miss World Beauty гардид. Зебосанам дар номинатсияи Mrs International-2016 тоҷ ба даст овард.

Бино ба маълумоти Sputnik Тоҷикистон, дар озмун 120 нафар зебосанамон аз кишварҳои гуногун иштирок доштанд. Ҳакамон пеш аз ҳама ба намуди зоҳирӣ, маҳорати овозхонӣ ва раққосии онҳо ва муаррифии либосҳои миллии зебосанамон боҳодиҳӣ намуданд.    

Дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Парвинаи 27-сола иқрор шуд, ки ба гирифтани тоҷ умед надошт. Ӯ бештар мехост дар озмуни байналмиллалӣ баромад намуда, зебогии тоҷиконаро нишон диҳад. "Ростӣ, ман умедвор ҳам набудам, ки ғолиб меоям. Ҳатто дар фикрам набуд, ки аз он ҷо ба Тоҷикистон тоҷ меорам ва ба Гран-при сазовор мешавам. То ҳол бовариам намеояд, хело хушбахтам",- мегӯяд Парвина.    

Ба даст овардани ғолибият барои Парвина имтиёзҳои дигарро дод. Акнун, вай метавонад дар дигар саҳнаҳои байналмиллалии Miss World Beauty иштирок кунад. Агар пештар бону барои иштирок ҳар дафъа 700-800 евро месупорид, акнун ӯ аз ин гуна пардохтҳо озод карда шудааст.

Хушбахтии маҳз

Ду сол қабл дар синни 25-солагӣ Парвина аз шавҳараш маҳрум гашт. Дар натиҷаи андӯҳи вазнин, вай на танҳо хушбахтии оилавии худро аз даст дод, балки аз доираи касбу кори хеш низ, дур гашт.

 "Пас аз марги шавҳарам ман бо панҷ фарзандам мондам ва намедонистам куҷо равам. Хело афсурдаҳол гаштам. Яке аз дӯстони наздики ман шоира Шоираи Раҳимҷон ба хабаргирии ман омад ва аҳволи маро дида, ба ман маслиҳат дод, ки  курсҳои омӯзиши маҳорати актёрӣ равам. Шоира маро аз ҳолати рӯҳафтодагӣ берун кашида, маслиҳат дод, ки зебогӣ ва ҳунари худро истифода барам",- ба ёд меорад бону.

 Як ҳафта аз оғоз намудани омӯзиш дар академия нагузашта, бонуро ба кастинги филми "Аз ман марав"- и киностудияи Тоҷикфилм даъват карданд. Дар байни довталабони зиёд маҳз Парвинаро интихоб мекунанд. Пас аз ин вай дар сабти клипи суруди Ҷонибек Муродов ва Садриддини Наҷмиддин "Тоҷик, форс ва дарӣ"низ  иштирок мекунад.    

Баъд аз он, Парвина бо оҷонсии "Новая эра" шартнома мебандад. Дар моҳи апрели соли 2016 дар ҳафтаи мӯд дар Одесса зебосанам ба унвони Top Model —2016 ба даст меорад.

"Як рӯз ба ман тарроҳ Хуршед Сатторов занг зад ва даъват намуд, ки дар озмуни зебогӣ дар Остона иштирок кунам. Вай ба ҳакамон барои интихоб даҳ аксҳои духтаронро равон намуд- 9 акси моделони касбӣ ва як акс аз ман- барои пурра намудани рӯйхат. Ӯ тасодуфан акси маро аз саҳифи ман дар Facebook гирифтааст. Ҳакамон бошанд, на моделҳои касбӣ, балки маҳз маро интихоб намуданд",- нақл намуд Парвина.

Даъват ба Париж

Пас аз ғолибият дар Қазақистон зебосанамро барои иштирок дар озмунҳои байналмиллалӣ аз номи дигар давлатҳо таклиф намудан гирифитанд. Пешниҳодҳо аз кишварҳои хориҷӣ зиёд буданд, аммо Парвина мақсади дигар дорад.

"Барои ман Душанбе беҳтарин шаҳр аст. Ман шаҳри худамро бо чизе иваз намекунам. Пешниҳодҳо ба Итолиё  ва Русия буданд, аммо ман, ки ватанпарвар мебошам, намехоҳам ба давлати дигаре кӯч бандам. Ба ғайр аз Тоҷикистон ягон давлати дигарро намояндагӣ кардан намехоҳам",- мегӯяд вай.

Беш аз ин, дар Остона Пер Карден зебосанамро барои иштирок дар намоиши мӯд даъват намуд, аммо зебосанам рад кардааст.

"Дар он ҷо намоиши мӯд пештар ҳам баргузор гардида буд ва ман иштирок карда будам. Барои ман иштирок хело муҳим буд",- мегӯяд духтар.

Ба ҳар ҳол Парвина аз Пер Карден даъватномаи ба Париж дар даст дорад. "Мехоҳам зебогии тоҷикона ва фарҳанги тоҷиконаро нишон диҳам. Моҳи июл ӯ зодрӯз дорад ва мо мехоҳем ҳамон вақт ба Париж равем",- мегӯяд бону.

Модари серфарзанд

Дар тиҷорати моделӣ модарони серфарзандро дарёфт намудан амри маҳол аст. Ба ҳар ҳол,  Парвина тавонистааст, новобаста аз он, ки модари панҷ фарзанд аст, дар ин ҷода ба муваффақиятҳои зиёд ноил шавад.    

"Духтаронам- 9, 8 ва 7- сола мебошанд, писаронам бошанд- 5 ва 3",- бо фахр нақл кард зебосанам.

"Одамон ҳар дафъа бо шунидани он, ки ман фарзанд дорам ҳайрон мешаванд. Бисёре аз онҳо бовар ҳам намекунанд: "Наход, не дуруғ, инҳо ҷиян ва ё хоҳарони туанд", мегӯянд.  Аммо дар озмун мақоми модарии ман ба ҳеҷ ваҷҳ кӯмак накард. Аъзоёни ҳакамон ба фарзандони таваллудкардаи ман аҳамият намедиҳанд. Ба онҳо фарқ надорад, ки  ман панҷ фарзанд дорам ва ё даҳ",- мегӯяд Парвина табассумкунон.

Ба гуфтаи вай ҳоло мақсади зебосанам дар тиҷорати мӯд муваффақ шуда, Тоҷикистонро дар дигар кишварҳо намояндагӣ кардан аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.