Тақдими манзил ба зани афғони қаҳрамони маҷаллаи National Geographic

Радиои Озодӣ

Раиси ҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва ҳамсараш аз Шарбат Гул – зани афғони қаҳрамони маҷаллаи National Geographic, ки дар Покистон барои сохтакории санадҳо боздошт ва ахиран ихроҷ шуд, дар қасри президентӣ истиқбол карда, калиди як хонаро ба ин зани машҳури афғон тақдим карданд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, раисҷумҳури Афғонистон дар ин маросим Шарбат Гулро дард, мазлумият ва тасвири орзуҳои Афғонистон дониста ва гуфтааст, ки ин зан дар солҳои муҳоҷират ва ҷанг, тасвири кишвари ҷангзада ва муҳоҷирро ба ҷаҳон ба намоиш гузошт.

https://www.youtube.com/watch?v=xIUVZ8wkKfw

Шарбат Гул, зани афғоне, ки чопи акси ӯ дар 12-солагӣ рӯйи маҷаллаи National Geographic ба як намоди мондагор мубаддал шуда ва ӯро ба шӯҳрат расонда буд, баъди тақрибан ду ҳафтаи боздошт бо се духтару як писари хурдсолаш субҳи чоршанбеи 9 ноябяр аз Пешовар ба Афғонистон баргашт.

Шарбат Гул тақрибан ду ҳафта пеш бо иттиҳоми тақаллуби санадҳо дар Покистон боздошт шуд. Як сухангӯи ин идора гуфта буд, дар талоши боздошти се корманди Идораи сабти асноди шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд, ки барои Шарбат Гул санадҳои қалбакӣ додаанд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ин зан дар моҳи апрели соли равон бо номи Шарбат Бибӣ дар шаҳри Пешовар дархости санади шиносоии покистонӣ карда буд.​

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...