Ҷоизаи ANOC ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Иттилоияи расмӣ

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо ҷоизаи Ассотсиатсияи  кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) сарфароз гашт.

Барандагони ҷоизаҳои ANOC ба беҳтарин варзишгарон ва кумитаҳои олимпии сол дар Ассамблеяи кулли Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ, ки рӯзҳои 15-ум ва 16-уми ноябр дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа – барпо гардид, супурда шуд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои аввалин медали тиллои Бозиҳои олимпӣ бо ҷоизаи ин созмони ҷаҳонӣ сарфароз гашт. Раиси Анҷумани кумитаҳои миллии олимпӣ Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ҷоизаро ба котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев супурд.

Ёдовар мешавем, гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Рио-2016 бо натиҷаи 78 метру 68 сантиметр медали тилло ба даст овард, ки ин дар таърихи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аввалин медали тилло ба шумор меравад.

Ҷоизаҳои ANOC барои аввалин медал ё аввалин медали тиллои олимпӣ, инчунин ба Кумитаҳои миллии олимпии Баҳрайн, Кот-д′ Ивуар, Фиҷӣ, Урдун, Косово, Пуэрто-Рико, Сингапур ва Ветнам тақдим шуд.

Кумитаи миллии олимпии Британияи Кабир барои муваффақияти барҷастаи тими мунтахабаш дар Олимпиадаи Рио-2016 бо ҷоизаи ANOC сарфароз гашт.

Ҷоизаҳои ANOC ба Пуиг (теннис, Пуэрто-Рико) – беҳтарин варзишгари Олимпиадаи Рио-2016 миёни занон, ба Вэйд Ван Никерк (варзиши сабук, Африқои Ҷанубӣ) – беҳтарин варзишгар байни мардон, ба мунтахаби ҳоккейи Британияи Кабир – беҳтарин дастаи занона ва ба мунтахаби регбии Фиҷӣ – беҳтарин дастаи мардона супурда шуд.

Бо ҷоизаҳои инфиродии ANOC Рафаэл Лопес Силва аз Кумитаи олимпии Бразилия, Тегла Лорупе, раҳбари мунтахаби олимпии намояндагии кор бо гурезаҳо, Карлос Артур Нузман (Бразилия) ва шайх Тамим бин Ҳамад Aл-Тaнӣ (Қатар) мукофотонида шуданд.

Ассамблеяи кулли Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ дар Доҳа бо ширкати ҳудуди 1200 вакил аз ҳамаи кишварҳои аъзои ANOC  баргузор шуд.

Томас Бах, раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ, зимни суханрониаш дар ин ассамблея иброз дошт, ки бузургтарин чорабинии байналмилалии варзишии имсола – Олимпиадаи Рио – бисёр хотироти фаромӯшнопазир боқӣ гузошт. Вай афзуд, “дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро бидуни ҳамкории зич миёни ҳамаи 206 кумитаи миллии олимпӣ, ки ба таркиби Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ дохиланд, муваффақ шудан ғайриимкон буд.”

Дар Ассамблеяи кулли Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ дар Доҳа намояндагони Будапешт, Лос-Анҷелес ва Париж, ки барои мизбонии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дархост пешниҳод намудаанд, шаҳрҳояшонро муаррифӣ карданд. Мизбони Олимпиадаи соли 2024-ум дар сессияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ моҳи сентябри соли оянда дар шаҳри Лимаи Перу интихоб мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...