Вазорати мудофиа: фурудгоҳи низомии Айнӣ васеъ не, атрофаш панҷарабандӣ мешавад

Кӯчонидани хонаҳои истиқоматӣ дар атрофи фурудгоҳи низомии Айнӣ танҳо бо мақсади панҷарабандии гирду атрофи он сурат мегирад. Ин фурудгоҳ ба Тоҷикистон аз замони шӯравӣ мерос монда, дар 15-километрии ғарби пойтахт ҷойгир шудааст ва ба иҷора дода намешавад. «Васеъ кардани қаламрави фурудгоҳ ҳанӯз 10 сол пеш ба итмом расида, имрӯз дар он корҳои панҷрабандии атрофи он […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Кӯчонидани хонаҳои истиқоматӣ дар атрофи фурудгоҳи низомии Айнӣ танҳо бо мақсади панҷарабандии гирду атрофи он сурат мегирад. Ин фурудгоҳ ба Тоҷикистон аз замони шӯравӣ мерос монда, дар 15-километрии ғарби пойтахт ҷойгир шудааст ва ба иҷора дода намешавад.

«Васеъ кардани қаламрави фурудгоҳ ҳанӯз 10 сол пеш ба итмом расида, имрӯз дар он корҳои панҷрабандии атрофи он ҷараён доранд, ки ба хотири таъмини бехатарии парвозҳо ва амнияти аҳолии маскуни атрофи он доир мегарданд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Бино ба гуфтаи манбаъ, якчанд оилаҳои манзилашон дар қаламрави фурудгоҳ қарордошта метавонанд ба ҷойи дигар кӯчонида шаванд, вале шумори мушаххаси ин оилаҳо, ҳаҷми маблағ ва тартиби пардохти ҷубронпулиро комиссияи махсуси ҳукумати Тоҷикистон муайян мекунад.

«Агар маълум шавад, ки ин оилаҳо ғайриқонунӣ қитъаи змини гирду атрофи фурудгоҳро азхуд намуда, дар он хона сохтаанд, табиист, ки ба онҳо касе ҷубронпулӣ пардохт нахоҳад кард», – иброз дошт намояндаи Вазорати мудофиа.

Зимнан зикр гардид, ки фурудгоҳи низомии Айнӣ ба касе ба иҷора дода намешавад. Ин фурудгоҳ соли 2007 аз ҷониби мутахассисони Ҳиндустон таъмиру азнавсозӣ шуда, он замон Деҳлӣ барои ин корҳо 70 млн. доллар маблағ ҷудо карда буд. Имрӯз ин иншоот ба қабули ҳама гуна навъҳои ҳавопаймоҳо имкон дорад.

Таъкид шуд, ки бар асоси созишномаи дуҷониба миёни Душанбе ва Маскав айни замон сарнинишони Русия аз ин фурудгоҳ истифода мекунанд.

Манбаъ аз эҳтимол дур намедонад, ки бар асоси созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба ин иншоот метавонад аз ҷониби кишварҳои узви СААД ё СҲШ истифода шавад. «Маълумоти айни замон васеъ шудани қаламрави фурудгоҳ асоси воқеӣ надорад», – афзуд сарчашмаи хабар.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, беш аз 300 хонаводае, ки наздик ба хатти парвози фурудгоҳи низомии Айнӣ зиндагӣ доранд, аз қаламрави ин майдони ҳавоӣ ба минтақаҳои дигар кӯчонда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.