“МегаФон Тоҷикистон” ба донишҷӯён ҳиллаҳои маркетинги пурсамарро ошкор намуд

Дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон нахустин дарси устодон аз рӯйи лоиҳаи “Барномаи таълимии роуд шоу” баргузор гардид. Директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Дмитрий Семёнов ба донишҷӯён дар хусуси офаридани тамғаҳои бомуваффақ ва усулҳои асосии пешбарии маҳсулот ва хизматрасониҳо суханронӣ намуд.        “Нисбат ба мутолиаи китобҳои дарсӣ дар бораи муваффақиятҳо ва нобарориҳои дигарон хондан басо […]

Иттилоияи расмӣ

Дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон нахустин дарси устодон аз рӯйи лоиҳаи “Барномаи таълимии роуд шоу” баргузор гардид. Директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Дмитрий Семёнов ба донишҷӯён дар хусуси офаридани тамғаҳои бомуваффақ ва усулҳои асосии пешбарии маҳсулот ва хизматрасониҳо суханронӣ намуд.      

 “Нисбат ба мутолиаи китобҳои дарсӣ дар бораи муваффақиятҳо ва нобарориҳои дигарон хондан басо муфид аст” – чунин қоидаро кордон аз “МегаФон Тоҷикистон” барои нақл намудан оид ба  ҳиллаҳои маркетинг интихоб намудааст. Аз саргузаштҳои ширкатҳои воқеӣ мисол оварда ӯ бо чӣ тарз фаъолият намудани қонунҳои бозорро намоиш дод ва ба донишҷӯён як қатор маслиҳатҳои таҷрибавӣ дод. Акнун хонандагони ДСРТ чӣ тавр нархҳои рақобатнок гузоштан, маҳсулоти худро таблиғот намудан ё ба маҳсулот “исми дуруст” дарёфт карданро хуб дарк мекунанд.

 “Вазифаи мутахассиси маркетинг –дар хусуси афзалиятҳои маҳсулоти худ аниқ ва равшан нақл намудан. Ин бисёр оддӣ мебошад, агар пешниҳоди ту навтар, босуръат, зеботар ё бехатар бошад. Аксар вақт дигар хусусиятҳои ба маҳсулот вобастаро ҷустуҷӯ намудан зарур меояд, – мисол, дар бобати  пешсафии ширкат ё анъанаҳои миллӣ сухан намудан. Чӣ гуна хусусияте, ки интихоб нагардад, ӯро чунон пешкаш бояд намуд, ки харидори эҳтимолӣ манфиатро барои худ дарёбад”, – маслиҳат намуд ба донишҷӯёни ДСРТ Дмитрий СЕМЕНОВ.

Роҳбалади дарси устодон маркетологони ояндаро аз иштибоҳ қаблан огоҳ намуд – ба монанди эътибор накардани рақибон ё интихоб намудани стратегияи нодурусти пешравӣ. “Худписандӣ – душмани асосии маркетинги муваффақ мебошад”, – қайд намуд роҳбалад.

 “Маркетинги пурсамар” силсилаи вохӯриҳои роҳбарияти “МегаФон Тоҷикистон”-ро бо хонандагони ДСРТ оғоз намуд. Тӯли соли хониш дарсҳои устодон дар мавзӯҳои гуногун ба нақша гирифта шудаанд: донишҷӯён дар бораи технологияҳои алоқаи муосир, хуссусиятҳои фаъолият дар робита бо ҷомеа, стратегияҳои идоракунии муваффақи ширкатҳои бузург ва дигар бисёр масъалаҳои дар бозори муосири меҳнат муҳим маълумот ба даст хоҳанд овард. Донишҷӯёни фаъол ва бомаҳорат метавонанд дар ширкат таҷриба омӯхта дар бораи корфармоёни беҳтарини ҷумҳурӣ  тасаввуроти дақиқ дарёфт намоянд.

“Аз ширткаҳои “МегаФон Тоҷикистон” ва “Хуавей” ҷиҳати гузаронидани  чунин чорабинии шавқовар сипосгузорам! Барои худ бисёр чизҳои нав ва муфид барои пешравиҳо дар мансаб ва тиҷорат дар соҳаи ТИ дарёфт намудам. Инчунин ба кормандони ДСРТ барои ба “барномаи таълимии роуд – шоу” таклиф намудан низ миннатдорам. Бахусус бисёр ҷолиб буд дар озмун иштирок варзидан ва соҳиби мукофот гардидан! – сухан намуд донишҷӯйи курси 3 факултаи “Идора ва технологияҳои иттилоотӣ” Нурулло ИСМОИЛОВ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.