Қатъи фаъолияти дафтари намояндагии НАТО дар Тошканд

Дафтари робитаҳои НАТО дар Осиёи Марказӣ (ОМ), ки феълан дар Тошканди Ӯзбекистон ҷойгир аст ва иртиботи ин созмони низомиро бо кишварҳои минтақа ҳамоҳанг мекунад, соли 2017 баста хоҳад шуд. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Розария Пулизи, раҳбари ин дафтар дар суҳбат бо хабаргузории "Фарғона" гуфтааст, ки дар ҳақиқат коргоҳи НАТО дар ОМ охирҳои моҳи марти […]

Радиои Озодӣ

Дафтари робитаҳои НАТО дар Осиёи Марказӣ (ОМ), ки феълан дар Тошканди Ӯзбекистон ҷойгир аст ва иртиботи ин созмони низомиро бо кишварҳои минтақа ҳамоҳанг мекунад, соли 2017 баста хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Розария Пулизи, раҳбари ин дафтар дар суҳбат бо хабаргузории "Фарғона" гуфтааст, ки дар ҳақиқат коргоҳи НАТО дар ОМ охирҳои моҳи марти соли 2017 баста мешавад.

"Ин тасим дар пайи баррасии дохилии буҷа гирифта шуда, ангезаи сиёсӣ надорад. Аз ҷониби Ӯзбекистон ҳеч гуна фишор нашудааст. Баръакс, мо ҳамеша дар минтақа гарм пазироӣ шуда, аз ҳамкориҳои самарабахшу судманд дар сатҳҳои зарурӣ шод будем. ОМ барои НАТО аҳамияти стратегӣ дошт ва дорад. Ҳамкориҳо минбаъд бевосита аз Брюссел идора хоҳад шуд", – гуфтааст раиси дафтари НАТО дар ОМ.

Шарики нахустини НАТО дар ОМ, ки кормандони созмон оид ба иртибот ва ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақаро пазируфт, Қазоқистон буд.

Тобистони соли 2013 дафтари НАТО ба Тошканд кӯч баст. Он дар пойтахти Ӯзбекистон ҳамчун намояндагии дипломатӣ сабти ном шуда, моҳи августи ҳамон сол корро оғоз кард. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.