Боздошти сардабири ду расонаи муваффақи Қазоқистон

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Кормандони Бюрои миллии мубориза бо фасоди Қазоқистон дар пайи боздошти Бигелдӣ Габдуллин, сармуҳаррири нашрияи Central Asia Monitor ва муассиси сомонаи Radiotochka.kz коргоҳи расонаҳоро низ дар шаҳри Алмаато мавриди бозҷӯӣ қарор додаанд.

Бино ба маълумоти сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Radiotochka.kz, кофтукоб дар ғайби вакили дифои расонаҳо оғоз карда шудааст. "Вай баъдан ҳозир шуд ва эътироз баён кард, чун ҳукми бозҷӯӣ ба номи муфаттише имзо шудааст, ки дар чорабиниҳои тафтишот аслан ҳузур надошт", – афзудааст сомона.

Манбаъ гуфтааст, кофтукоби коргоҳи расонаҳо субҳ оғоз шуда, вале як муддат мутаваққиф ва баъдан дубора идома ёфтааст. То замони қатъи бозҷӯӣ ду ноутбуки нашрия мусодира шудааст.

Бюрои мубориза бо фасоди Қазоқистон 15 ноябр хабар дод, ки Бигелдӣ Габдуллин бо айби тамаъҷӯӣ дар Остона боздошт шудааст. Бино ба фарзияи мақомоти зидди фасоди Қазоқистон, рӯзноманигори 61-сола гӯё тавассути расонаҳои зери дасташ зидди мансабдорони давлатӣ ҳамлаи иттилоотӣ ба роҳ монда ва баъдан аз онҳо ба хотири қатъи чунин ҳамлаҳо манфиатҷӯӣ мекардааст.

Кайрат Кожамжаров, раиси Агентии хадамоти давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Қазоқистон дар Остона ба рӯзноманигорон гуфтааст, тафтишот зидди Габдуллин нав оғоз шудааст, аз ин рӯ, наметавонад ҷузъиёти парвандаи ӯро шарҳ диҳад. Ҳанӯз чораи манъи ӯ аз таъсир ба рафти тафтиш интихоб нашудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи иди баҳор –Наврӯз дастархони идона омода карда, дар он анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ гузоранд. Муҳимтарини...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...