Майдони ба номи Ислом Каримов дар шаҳри Тошканд

tojiki

Иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон, нахуствазири ин кишвар Шавкат Мирзиёев пешниҳод кардааст, ки дар шаҳри Тошканд майдони ба номи Ислом Каримов бунёд гардад.

«Барои абадӣ гардонидани хотираи ин шахсияти маъруф ва бар асоси пешниҳодҳои сершумори ҳамватанон пешниҳод мекунам, ки дар маркази пойтахти кишварамон майдони бузурги ба номи Ислом Каримов бунёд гардида, дар он ҳайкали президенти нахустини Ӯзбекистон қомат афрозад», – гуфтааст Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ назди интихобкунандагони шаҳри Тошканд. Дар ин бора хабаргузории REGNUM иттилоъ медиҳад.

Қаблан аввали моҳи ноябр як майдони мавзеи Якиманкаи шаҳри Маскав низ Ислом Каримов номгузорӣ шуд. Дар шаҳрдории Маскав дар ин робита изҳор дошта буданд, ки Ислом Каримов номгузорӣ шудани ин майдонро донишмандон, сиёсатмадорон ва аҳли ҳунари Русия ва Ӯзбекистон дархост кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 4 ноябр дар Ӯзбекистон маъракаи пешазмуҳлати интихоботи президенти ин кишвар доир мегардад. Айни замон дар ин ҳамсоякишвар маъракаи овоздиҳии пешазмуҳлат ҷараён дорад, ки то 2 декабр идома меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...