Маҳфили эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун

Дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон, лауреати Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Саттор Турсун баргузор гардид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов иброз дошт, ки Саттор Турсун аз ҷумлаи адибоне мебошад, ки дар авҷи адабиёти муосири тоҷик дар солҳои 70-ум ба Иттифоқи нависандагон […]

АМИТ «Ховар»

Дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон, лауреати Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Саттор Турсун баргузор гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов иброз дошт, ки Саттор Турсун аз ҷумлаи адибоне мебошад, ки дар авҷи адабиёти муосири тоҷик дар солҳои 70-ум ба Иттифоқи нависандагон ва маҷаллаи «Садои Шарқ» ба кор омада, аз ҳамон сол то имрӯз дар қатори адибони бузурги тоҷик фаъолият кардааст.

«Дари адабиёт ҳамеша боз буда, ҳар нафаре метавонад бо кӯшише ба он ворид гардад. Вале дар адабиёт барои аз қадамҳои аввалин то 70- 80- солагӣ ҷой ва мавқеи худро нигоҳ доштан заҳматҳои зиёде лозим аст. Саттор Турсун низ умри хешро сарфи адабиёт кард ва ин маҳфил натиҷаи ҳамон заҳматҳо мебошад»,- зикр намуд Абдулҳамид Самадов.

Гуфта мешавад, Саттор Турсун иброз намудааст, ки «дар 6- солагӣ аз модар маҳрум монд. Эҳсоси бемодарӣ ва ғаму андӯҳ ӯро ворид кард, ки бисёр ҷустуҷӯ карда, китоб мутолиа намояд, вале боре андеша надошт, ки рӯзе қалам бар даст мегираду худ эҷод мекунад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.