Суғд: ҳукми 19 соли зиндон барои қатли бераҳмонаи ҳамсар

Суди вилояти Суғд сокини шаҳри Истаравшанро барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш ба 19 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. «Сокини 43-солаи шаҳри Истаравшан Ҳасан Муминов дар қатли ҳамсари худ – модари ду кӯдаки ноболиғ гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) ҳукм содир шуд», – хабар […]

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Суди вилояти Суғд сокини шаҳри Истаравшанро барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш ба 19 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

«Сокини 43-солаи шаҳри Истаравшан Ҳасан Муминов дар қатли ҳамсари худ – модари ду кӯдаки ноболиғ гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) ҳукм содир шуд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди вилоят.

Зимнан зикр гардид, ки маҳкумшуда моҳи августи соли 2016 дар заминаи рашк бо ҳамсараш ҷанҷолу муноқиша карда, ба ӯ бо корд 7 зарба мезанад, ки дар натиҷа зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.