Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об

Asia-Plus

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об дар доираи Саммити оби Будапешт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки сол то сол аҳолии саросари ҷаҳон ба мушкилоти марбут ба об дучор шуда, тибқи арзёбии коршиносон, аллакай дар  соли 2030  зиёда аз 40 фоизи аҳолии ҷаҳон норасоии захираҳои обро эҳсос хоҳанд намуд.

«Возеҳ аст, ки дар чунин шароит таъмини маблағгузории устувор ва зиёд намудани самроягузорӣ ба лоиҳаҳои инфрасохтории соҳаи об зарур аст», – гуфт ӯ.

Хотиррасон шуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мебошад, ки аз бандҳои асосии ин Нақшаи амалҳо ба ҳисоб рафта лоиҳаи қатъномаи дахлдор оид ба ин масъала дар марҳалаи хотимавии баррасии Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад.

«Мо умедворем, ки дар рӯзҳои наздик ин қатънома бо ризоияти кулл қабул хоҳад шуд. Дар ин маврид барои ҳамкорӣ ва муттаҳид намудани кӯшишҳои мо ҷиҳати мусоидат ба амалияи дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, ҳамчунин   ҳалли  дигар масъалаҳои вобаста ба об заминаи боэътимод ва ҷавобгӯи замон фароҳам оварда мешавад», – қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи сарвари давлати Тоҷикистон, дигар амалҳое, ки Тоҷикистон дар онҳо худро пешсаф мебинад, бо масъалаҳои роҳандозии робитаҳои ҳамшарикиву ҳамкории байналмилалӣ,   паст намудани хавфи офатҳои табиӣ, тағирёбии иқлим, дастрасӣ ба оби нӯшокии безарар ва беҳдошт, муҳити зист, инфрасохтору сармоя, мудирияти захираҳои об, аҳаммият ва нақши он дар иқтисоди устувор пайвастагӣ доранд.

«Бешубҳа, тамоми мавзӯъҳо ва амалҳои афзалиятноки Нақша ниҳоят муҳим ба шумор мераванд, вале, ман мехостам  ду ҷанбаи он – сармоямгузорӣ ва инфрасохторро махсус таъкид намоям. Аз нигоҳи мо, ин ду ҷанба омили калидӣ дар роҳи ҳалли мушкилоти вобаста ба об мебошанд. Масъалаҳои зикргардида, бо назардошти чолишҳои нав ва пеш аз ҳама таъсири тағиёрбии иқлиму афзоиши аҳолӣ, ки аз як тараф ба камшавии захираҳои оби нӯшокӣ ва аз тарафи дигар ба зиёд шудани истеъмоли об оварда мерасонанд, басо муҳиманд. Боиси таассуф аст, ки бӯҳронҳои молиявию иқтисодии солҳои охир кӯшишҳои кишварҳоро ҷиҳати амалӣ гардонидани барномаву лоиҳаҳо дар  соҳаи об коста мегардонанд», – изҳор дошт президенти Тоҷикистон.

Ба андешаи ӯ, ба ин манзур дастгирии ташаббусҳо оид ба беҳтар гардонидани маблағгузории соҳаи об, аз ҷумла бо истифода аз фондҳои глобалии сармоягузории мавҷуда, ба монанди «Фонди иқлими сабз», саривақтӣ ва муҳим буда, ин амалия барои кишварҳои камтараққӣ ва дар ҳоли рушд қарордошта басо муҳим аст.

Тавре сарвари давлат зикр кард, тибқи ҳисобҳо, сармоягузорӣ дар самти беҳтар намудани идоракунии захираҳои об танҳо дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ бо маблағи аз понздаҳ то сӣ миллиард доллари амрикоӣ, метавонад дар ҳаҷми то ду баробар зиёд даромади мустақим орад.

«Азнавсозии инфрасохтори мавҷуда ва бунёди нави он, инчунин ҷалби  технологияҳои нав барои ин мақсадҳо  дар таъмини истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об нақши калидӣ хоҳад дошт, – қайд кард президент. – Ба ин васила ҷиҳати таъмини амният дар соҳаи об саҳми назаррасе гузошта мешавад. Масалан, сохтмони обанборҳо имкон медиҳад, ки на танҳо тавлиди нерӯи барқи арзону аз ҷиҳати экологи тоза  роҳандозӣ шавад, балки дар шароити тағйирпазирии иқлим танзими ҷараёни боэътимоди об ва ҳифзи аҳоливу заминҳо аз селу обхезиҳо таъмин гардида, шиддати таъсири хушксолиҳо ва партови газҳои карбон ба фазо ба таври назаррас паст карда шавад. Яъне, тарҳи  инфрасохтории дуруст ба нақша гирифташуда ҳамзамон метавонад дар ҳалли чандин масъалаҳои ҳаётан муҳим мусоидат намояд. Маҳз бо ҳамин мақсадҳо, мо дар баробари такмили қонунгузорӣ ва асосҳои ниҳодии идоракунӣ ба Барномаи ислоҳоти бахши оби Тоҷикистон масъалаи рушди инфрасохтори обро ворид кардем».

Ба ҳалли ин масъала, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, зиёда аз ҳаштод фоизи маблағҳои пешбинишуда равона карда мешавад. «Мо итминон дорем, ки ин амалҳо  ба кишвари мо имкон медиҳанд, ки як қадами назаррас дар шоҳроҳи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор гузорад.Изҳори умедворӣ менамоям, ки ниҳодҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ ва кишварҳои донорҳо ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи талошҳои мо дар ин ҷода мусоидати худро дареғ нахоҳанд дошт», – таъкид дошт президенти Тоҷикистон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...