Сафари вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Маскав

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии 71-уми Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Маскав раҳсипор шуд. Дар пойтахти Русия вазири мудофиаи Тоҷикистон бо як зумра ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДМ дидору гуфтушунидҳо анҷом дода, дар ин вохӯриҳо баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ ва […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии 71-уми Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Маскав раҳсипор шуд.

Дар пойтахти Русия вазири мудофиаи Тоҷикистон бо як зумра ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДМ дидору гуфтушунидҳо анҷом дода, дар ин вохӯриҳо баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ ва низомӣ-техникӣ дар назар аст.

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ вазирони мудофиаи Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Ӯзбекистон, ҳамчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Котиботи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ, Маркази зиддитеррористии ИДМ ва Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони Қушӯнҳои сарҳадии Иттиҳод ширкат меварзанд.

Дар ҷаласа 20 масъалаи марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баррасӣ шуда, аз фаъолияти муштарки ин ниҳодҳо дар соли гузашта натиҷагирӣ ва нақшаи чорабиниҳо барои соли ояндаи ҷашнӣ тарҳрезӣ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.