Суғд: ҳукми 19 соли зиндон ба писари қотили падар

Суди вилояти Суғд сокини 30-солаи шаҳри Конибодомро барои қатли падараш ба 19 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. «Ҷамшед Шарипов дар қатли падари 54-солаи худ гунаҳкор дониста шуд. Ин ҷиноят дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз содир гардид», – хабар дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита раиси мурофиаи мазкур судя Суҳроб Нурализода. Ба қавли ӯ, падару писар […]

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Суди вилояти Суғд сокини 30-солаи шаҳри Конибодомро барои қатли падараш ба 19 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

«Ҷамшед Шарипов дар қатли падари 54-солаи худ гунаҳкор дониста шуд. Ин ҷиноят дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз содир гардид», – хабар дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита раиси мурофиаи мазкур судя Суҳроб Нурализода.

Ба қавли ӯ, падару писар санаи 25 март ҳамроҳ иди Наврӯзро ҷашн гирифта, миёни онҳо аз барои хоҳари маҳкумшуда муноқиша сар мезанад.

«Маҳкумшуда аввал бо духтар ҷанҷол карда, сипас вақте падараш ба тарафдории духтараш овоз баланд мекунад, Ҷамшед белро гирифта, бо он якчанд маротиба ба падараш зарба мезанад, ки бар асари он марди калонсол дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад», – изҳор намуд судя.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.