Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Date:

АНОНС

– Дар маркази тиҷоратии «Плаза Душанбе» Конфронси панҷум оид ба ҳамкориҳои минтақавии Тоҷикистону Русия доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

– Ташкилоти ҷамъиятии «СПИН Плюс» дар "VEFA-CENTER" ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВНМО (СПИД) аксия доир мекунад. Ворид шудан ба чорабинӣ ройгон аст. Оғоз соати 17-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8768 сомонӣ;

1 евро – 8.4014 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1185 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо БНМО (СПИД).

1926 – Нахустин Анҷумани умумитоҷикии коргару деҳқон ва вакилони аскар.

1957 – Корхонаи ҷуроббофӣ (феълан ҶС «Нафиса»)-и Душанбе ба истифода дода шуд.

1997 – Дар Хуҷанд маросими муаррифии корхонаи муштараки «Kabool Tajik Textiles»-и Тоҷикистону Корея оид ба истеҳсоли нахи пахта ва матоъи ҷинс баргузор шуд.

2006 — Дар Душанбе намояндагии яке аз бонкҳои бузурги Қазоқистон – «Казкоммертсбонк» боз гардид.

2011 — Дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи консессияҳо» дар таҳрири нав қабул шуд.

1940 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Усмон Расулов.

1941 – Мавлуди доктори улуми биологӣ Кимёҷон Нимадҷонова.

1946 – Зодрӯзи оҳангсоз Қудратулло Яҳёев.

1951 – Мавлуди журналист Шоҳтолиб Шоҳқосимов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +2+7; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -2+3.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, , бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -5-10, рӯзона -1+4; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона +2+7.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -5-10, рӯзона -+5+10; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона -4+1.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, , бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -5-10, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона 0-5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +3+5.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона +4+6.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...