Адвокатҳои давлатӣ ҳимояи Бузургмеҳр Ёров аз рӯи парвандаи навро рад мекунанд

Адвокатҳои давлатӣ ҳимояи ҳамтои худ Бузургмеҳр Ёров аз рӯи парвандаи навро рад мекунанд. Қобили зикр аст, ки нимаи моҳи ноябр мақомоти прокуратура нисбати адвокати маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров парвандаи ҷиноии нав, ин дафъа сеюмашро боз намуд. Парвандаи ҷиноии нав мутобиқи моддаи «қаллобӣ» оғоз гардид. «Мо барои кирояи боз як адовакти мустақил маблағ надорем, то ки аз […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Адвокатҳои давлатӣ ҳимояи ҳамтои худ Бузургмеҳр Ёров аз рӯи парвандаи навро рад мекунанд. Қобили зикр аст, ки нимаи моҳи ноябр мақомоти прокуратура нисбати адвокати маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров парвандаи ҷиноии нав, ин дафъа сеюмашро боз намуд. Парвандаи ҷиноии нав мутобиқи моддаи «қаллобӣ» оғоз гардид.

«Мо барои кирояи боз як адовакти мустақил маблағ надорем, то ки аз манфиатҳои бародарам дар ҷараёни тафтишт ва мурофиаи судӣ ҳимоят намояд. Адвокатҳои давлатӣ бошанд, ҳимояи Бузургмеҳр аз рӯи парвандаи навро намехоҳанд», – гуфт ба «Азия-Плюс» Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров.

Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз ду ҳафта қабл муфаттиши парвандаи нави Бузургмеҳр Ёров ҷиҳати пешниҳоди ҳимоятгари давлатӣ ба Коллегияи адовкатҳо муроҷиат кардааст, вале аз он ҷо то ҳанӯз посухе нарасидааст.

«Адвокате, ки аз манфиатҳои бародарам дар суд ҳимоят карда буд, айни замон ба корҳои пешниҳоди шикояти апеллятсионӣ ба Суди олӣ аз рӯи парвандаи якум ва дуюми нимаи моҳи октябр бозшуда машғул аст», – мегӯяд Хосият.

Қаблан нимаи моҳи октябр нисбаи адвокати аллакай ба 23 соли зиндон маҳкумшуда Бзургмеҳр Ёров Прокура утари генералӣ дар асоси моддаи 356-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Таҳдид ё зуроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ, таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ) парванда оғоз карда буд. Парванда пас аз баҳси айбдоркунандаи давлатӣ бо Бузургмеҳр оғоз шуда буд.

Қобили зикр аст, ки суд Бузургмеҳр Ёровро мутобиқи 5 модда Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ ҳамчунин ба муддати панҷ сол баъди озод шудан аз зиндон аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ маҳрум карда шуд.

Рӯзи 27 сентябр зимни суханронии ниҳоии худ дар мурофиаи судӣ адвокат Бузургмеҳр Ёров изҳор карда буд, ки «ӯ на ифротгаро, балки адвокат буда, ба ҳимояи аъзои ҲНИТ на аз рӯи муҳаббату самимият ба онҳо, балки аз рӯи тақозои касб пардохтааст».

Бузургмеҳр Ёров санаи 28 сентябри соли 2015 дар дафтари кории коллегияи адвокатҳои «Сипар» боздошт шуда, он замон ба ҳимояи манфиатҳои 7 узви боздоштшудаи Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон машғул буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.