Вазорати маориф: чорабиниҳои солинавӣ дар кӯдакистонҳоро манъ накардаем

Asia-Plus

Чорабиниҳои идонаи солинавиро дар кӯдакистонҳои Тоҷикистон алҳол касе манъ накардааст, вале ҳоло маълум нест, ки кор чӣ гуна сурат мегирад, зеро соли гузашта қарори гузоштани арчаҳои солинавӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ баъди 20 декабр қабул шуда буд.

Чанд нафар волидони тарбиятгирандагон кӯдакистонҳои вилояти Суғд ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки онҳоро дар бораи имсол манъ шудани баргузории чорабиниҳои солинавӣ дар муассисаҳои томактабӣ огоҳ кардаанд. Баҳри рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ муроҷиат карда, аз он ҷо ҷавоби рад гирифтем.

«Дар бораи чорабиниҳои идонаи солинавӣ дар муассисаҳои томактабӣ ҳеҷ гуна қароре қабул нашудааст. То Соли нав ҳоло як моҳи дигар фурсат аст ва агар дар ин хусус ягон тасмиме гирифта шавад, мо онро албатта дар сомонаи худ ва сомонаи Агентии давлатии «Ховар» нашр мекунем. Алҳол дар бораи манъи чорабиниҳои солинавӣ ҳеҷ тасмиме гирифта нашудааст», – иттилоъ дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита котиби матбуотии Вазорат Эҳсон Хушбахт.

Дар Раёсати маорифи вилояти Суғд низ қайд карданд, ки баргузории чорабиниҳои идонаи соли навиро манъ накардаанд. «Мо дар бораи манъи ин гуна чорабиниҳо дар кӯдакистонҳо ҳеҷ дастуре надодаем», – хабар дод ба «Азия-Плюс» сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзод.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дастур дода буд, ки дар ҷашни Соли нави милодӣ нишони асосии ин ид – арчаро дар муассисаҳо нагузоранд. Ин қарор аз ҷониби вазири маориф Нуриддин Саид баъди санаи 20 декабр ба имзо расида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...