Манъи арчагузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бори навбатӣ ба муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дастур дод, ки дар ҷашни Соли нави милодӣ нишони асосии ин ид – арчаро дар муассисаҳо нагузоранд. Дар супориши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ аз 21 декабр гуфта мешавад,  гузоштани ҳама гуна навъи арчаи зиндаву сунъӣ манъ аст. «Буридани  арча ва гузоштани ягон намуди […]

ASIA-Plus



Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бори навбатӣ ба муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дастур дод, ки дар ҷашни Соли нави милодӣ нишони асосии ин ид – арчаро дар муассисаҳо нагузоранд.

Дар супориши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ аз 21 декабр гуфта мешавад,  гузоштани ҳама гуна навъи арчаи зиндаву сунъӣ манъ аст.

«Буридани  арча ва гузоштани ягон намуди арча, истифодаи ҳама гуна маводи пиротехникӣ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ, ҷамъоварии маблағ,  сайру гашт ва дар тарабхонаҳо ташкил намудани чорабиниҳои солинавӣ  дар муассисаҳои таълимӣ қатъиян манъ аст», – қайд мешавад дар супориш.

Ҳамчунин Вазорати маориф ва илм тавсия медиҳад, ки ҳангоми гузаронидани чорабинии солинавӣ таҳияи рӯзномаи деворӣ, баргузории маҳфилҳои адабӣ, фарҳангӣ ва бозиҳои варзишӣ ба роҳ монда шавад.

Ғайр аз ин, дар дастури вазири маориф ишора мешавад, ки дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ аз 25 то 31 декабр ва 1 январи соли 2016 аз ҷумлаи шахсони масъул бояд навбатдорӣ ташкил гардида,  оид ба масъалаи амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятии зиддисӯхтор дар муассисаҳо чораҷӯӣ карда шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.