Тоҷикистон ба эътилофи исломӣ алайҳи ДИ пайвастанӣ нест

Қаблан васоити ахбори умум иттилоъ доданд, ки Озарбойҷон ва Тоҷикистон имкони пайвастан ба эътилофи исломии низомӣ таҳти раҳбарии Арабистони Саудиро баррасӣ доранд. Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода, ки дар шаҳри Остона (Қазоқистон) ҷиҳати иштирок дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии «Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ» қарор дорад, ба хабарнигори ТАСС дар ин робита изҳор […]

ASIA-Plus



Қаблан васоити ахбори умум иттилоъ доданд, ки Озарбойҷон ва Тоҷикистон имкони пайвастан ба эътилофи исломии низомӣ таҳти раҳбарии Арабистони Саудиро баррасӣ доранд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода, ки дар шаҳри Остона (Қазоқистон) ҷиҳати иштирок дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии «Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ» қарор дорад, ба хабарнигори ТАСС дар ин робита изҳор намудааст, ки Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба эътилофи таъсисёфта бо ташаббуси Арабистони Саудӣ алайҳи гурӯҳи терористии «Давлати исломӣ» (ДИ)-ро, ки фаъолияташ дар Русия ва як қатор давлатҳои дигар манъ аст, дар сатҳи расмӣ мавриди баррасӣ қарор надодааст. «Мо умуман ин масъаларо баррасӣ надорем». – гуфтааст ӯ.

Қаблан нашрияи умумиарабии 

«Аш-Шарк ал-Аусат»

иттилоъ дода буд, ки Озарбойҷону Тоҷикистон имкони пайвастан ба эътилофи исломии низомӣ оид ба мубориза бо терроризм таҳти сарварии Арабистони Саудиро баррасӣ доранд.

«Тоҷикистон масъалаи шомил гардидан ба ин эътилофро бо фароҳам омадани имкони аввал ҷиддӣ мавриди омӯзиш қарор додааст», – менависад нашрия бо такя ба

гуфтаҳои сафири Тоҷикистон

дар Ар-Риёз Шариф Азамшо Латифзода.

Ба иттилои дипломат, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввали моҳи январи соли оянда аз Ар-Риёз боздид ва бо шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон дидору гуфтушунид анҷом доданист ва имкон дорад, ки дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо сари масъалаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, аз ҷумла имкони иштироки Душанбе дар эътилофи исломӣ гуфтушунид кунанд.

Ба ин эътилофи бо ташаббуси Арабистони Саудӣ  ташкилшуда 34 кишвар шомиланд. Боз беш аз 10 кишвари ҷаҳон бо шумули Индонезия аз таъсиси чунин эътилоф пуштибонӣ намуданд. Ситоди муттаҳида оид ба ҳамоҳангсозӣ ва баргузории амалиёти низомии эътилоф дар Ар-Риёз ҷойгир хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Игор Ангеловски сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд

Ин мутахассис қаблан дар тимҳои Мақдуния, Крувосӣ, Қазоқистон ва Қибрис фаъолият доштааст.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил

Табрикот ба муносибати 30-солагии таъсисёбии мо идома дорад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.