То зону дар лой. Вазъи пиёдараҳҳои Душанбе баъди насби қубурҳои гармидиҳӣ

Соли ҷорӣ дар доираи омодагиҳо ба мавсими зимистон дар шаҳри Душанбе беш аз 12 километр қубурҳои гармидиҳӣ иваз карда шуданд. Баъди анҷоми корҳои насб роҳҳои мошингард аз нав барқарор карда шуда, вале ҷойҳои кандашудаи чанде аз пиёдаравҳои шаҳри Душанбе бо хок пӯшонида шуданду халос. Баъди барфрезии аввал ва обшавии он хоки ин пиёдаравҳо ба лой […]

Asia-Plus

Соли ҷорӣ дар доираи омодагиҳо ба мавсими зимистон дар шаҳри Душанбе беш аз 12 километр қубурҳои гармидиҳӣ иваз карда шуданд.

Баъди анҷоми корҳои насб роҳҳои мошингард аз нав барқарор карда шуда, вале ҷойҳои кандашудаи чанде аз пиёдаравҳои шаҳри Душанбе бо хок пӯшонида шуданду халос. Баъди барфрезии аввал ва обшавии он хоки ин пиёдаравҳо ба лой табдил ёфта, гузаштан тариқи онҳо хеле душвор аст.

Чанде қабл дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» сардори Раёсати сохтмони асосии ҳукумати шаҳри Душанбе Нодирхон Муҳиддинов қайд карда буд, ки дар мавриди ивази қубурҳои гармидиҳӣ 10 лоиҳа амалӣ шуда, маблағи 10 лоиҳа ба сурати умум 60,1 млн. сомониро ташкил медод, вале зимни имзои қарордодҳо бо ширкатҳои гуногун ба маблағи 54,4 млн. сомонӣ қарордодҳо ба имзо расида, мутаносибан ҳудуди 5,8 млн. сомонӣ сарфа шуд.

Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки агар комиссияи давлатӣ ин корҳоро қабул карда бошад, пас аз рӯи кадом нишондиҳандаҳову чӣ гуна сифат? Ё шояд маҳз барои дубора барқарор нашудани пиёдараҳҳо 5,8 млн. сомонӣ сарфа шудааст? Умедворем, ки мақомоти шаҳрдории пойтахт ба ин мушкилот таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.