Пирӯзии Шавкат Мирзиёев дар маъракаи интихоботи президенти Ӯзбекистон

Asia-Plus

Рӯзи 4 декабр дар Ӯзбекистон маъракаи интихоботи президентӣ доир гардид. Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон, ҳузури интихобкунандагон дар ин маърака беш аз 87%-ро ташкил дода, аллакай соати 11-и рӯз ин интихоботи баргузоршуда эътироф гардид, зеро дар он 33,37%-и раъйдиҳандагони сабтшуда иштирок карданд.

Эълони натиҷаҳои пешакии интихобот нимаи имрӯз дар назар буда, вале аллакай шоми дирӯз дар ситоди номзад аз Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки баъди марги Ислом Каримов иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар аст, ба ҷашни пирӯзии номзадашон шурӯъ кардааанд.

«Ҷараёни воридшавии маълумот ба ситод идома дорад ва доир ба натиҷаҳои пешакӣ гуфта метавонем, ки мо ғалаба кардем», – овардааст гуфтаҳои муовини раиси Ҳизби либералӣ-декмократии Ӯзбекистон Дилшод Шоумаровро хабаргузории ТАСС.

Хабаргузории РИА Новости дар ин робита менависад, муовини дигари раиси ин ҳизб Мухлисахон Акрамова изҳор доштааст, ки онҳо ба ғалабаи бузург умедворанд: тибқи маълумоти онҳо, номзади ҳизб на камтар аз 80%-и овозҳоро касб хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ба муносибати пирӯзии Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентӣ дар ситоди ҳизб аллакай торт ҳам омода гардидааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...