Ҳукми 18 соли зиндон ба марди ҷасади занашро ба қисматҳо поракарда

Суди шаҳри Душанбе сокини пойтахт Бахтиёр Агамалиевро барои қатли ҳамсари худ ба 18 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Агамалиев Б.А. барои он айбдор карда шудааст, ки  ҳамсараш Низамова Ш.Р.-ро дар  сабукпоӣ ва ишқварзӣ бо мардони бегона гумонбар дониста, аз рӯи бадбинӣ ва рашк соати 04:00-и субҳи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Суди шаҳри Душанбе сокини пойтахт Бахтиёр Агамалиевро барои қатли ҳамсари худ ба 18 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Агамалиев Б.А. барои он айбдор карда шудааст, ки  ҳамсараш Низамова Ш.Р.-ро дар  сабукпоӣ ва ишқварзӣ бо мардони бегона гумонбар дониста, аз рӯи бадбинӣ ва рашк соати 04:00-и субҳи 21 июли соли 2016 ҳангоми хоб будани кӯдакони хурдсолаш бо истифода аз ҳолати оҷизӣ, яъне аз таъсири машруботи спиртӣ дар ҳолати мадҳушӣ ва хоб қарор доштани ҳамсараш бо роҳи дар рӯяш зер кардани болишт, ӯро нафасгир намуда, ба ҳалокат расонидааст.

Гуфта мешавад, сипас бо мақсади рӯйпӯш намудани изи ҷинояти содирнамудааш худи ҳамон рӯз ҷасади ҳамсарашро ба ҳамоми хона дароварда, дар дохили ҳаммом (ванна) онро ба қисмҳо ҷудо намуда, дар якчанд халтаи селофанӣҷойгир кардааст. Баъдан аз соати 12:00 то соати 20:00  ҳар як ин халтаҳои селофаниро дар алоҳидагӣ ба  назди маркази савдои “Ёвар”бурда, ба дарёи “Душанбе” партофтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.