Прокуратураи пойтахт далелҳои поймолкунии ҳуқуқҳои истифодабарони барқро ошкор кард

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи фаъолони пойтахтро баргузор намуд, ки дар он вазъи омодагии шаҳр ба мавсими зимистон мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт. Зимни суханронӣ прокурори шаҳри Душанбе Хайрулло Саидзода аз фаъолияти воҳидҳои ширкати «Барқи тоҷик», аз ҷумла шабакаҳои барқи Душанбе нигаронӣ изҳор намуда, ҷой доштани далелҳои поймолкунии ҳуқуқҳои истеъмолгарон ҷиҳати дастрасӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи фаъолони пойтахтро баргузор намуд, ки дар он вазъи омодагии шаҳр ба мавсими зимистон мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.

Зимни суханронӣ прокурори шаҳри Душанбе Хайрулло Саидзода аз фаъолияти воҳидҳои ширкати «Барқи тоҷик», аз ҷумла шабакаҳои барқи Душанбе нигаронӣ изҳор намуда, ҷой доштани далелҳои поймолкунии ҳуқуқҳои истеъмолгарон ҷиҳати дастрасӣ ба нерӯи барқ ва истифодаи мансабӣ хизматӣ аз ҷониби бархе аз нозиронро, ки воситаҳои шаҳрвандонро азхуд мекунанд, қайд кард.

Ба гуфтаи прокурор, далелҳои марбут ба тағйир додани нишондиҳандаҳои ҳисобкунаки истифодаи барқ аз ҷониби бархе аз нозирон ошкор шуда, аз рӯи чанде аз ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ба шахсони масъул дастур дод, ки ҷиҳати таъмини 1 ҳазору 242 бино, аз ҷумла 1 ҳазору 82 бинои манзилҳои истиқоматии пешбинишуда бо энергияи гармӣ тадбирҳо андешида шуда, он таҳти назорат гирифта шавад.

Ба директори корхонаи Шабакаҳои барқи Душанбе Асадулло Раҳимзода раиси пойтахт дастур дод, ки шумори телефонҳои бовариро зиёд намуда, аз прокуратураи шаҳр дархост шуд, ки ҷараёни хизматгузориҳои воҳидҳои ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шавад.

Ба муовини соҳавии раиси пойтахт, сардорони Раёсатҳои маориф ва тандурустии пойтахт раиси шаҳр ҷиҳати пурра бо гармӣ таъмин намудани муассисаҳои зертобеъи онҳо як ҳафта муҳлат дод.

Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти сохторҳои шаҳр дар мавриди рафъи оқибатҳои барфрезиро мавриди интиқод қарор дода, барои муносибати хунукназарона нисбати иҷрои вазифаи худ сардори Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ Саид Каримовро аз мансаб сабукдӯш кард.

Зимни таҳлили фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт, раиси шаҳр изҳор намуд, ки дар ҳолате, ки агар далели ба хатсайр баромадани камтар аз 70%-и нақлиёти ҷамъиятӣ ошкор гардад, иҷозатномаи субъекти гунаҳкор ба ин ҳолат бозхонда мешавад.

Дар ҷаласа ҳамчунин дигар масоили муҳиму рӯзмарраи хоҷагидории пойтахт, аз ҷумла таъмини бозорҳо бо маводи ғизойии ниёзи аввалияи мардум, фаъолияти мунтазами муассисаҳои иҷтимоӣ, таъминот бо об ва ғайра низ баррасӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.